МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ФОШКОРИИ САРКАРДАИ НАҲЗАТ ЧӢ МАЪНӢ ДОРАД?

ФОШКОРИИ САРКАРДАИ НАҲЗАТ ЧӢ МАЪНӢ ДОРАД?

Инсони соҳибхирад вақте ба суханронии яке аз муассисон ва роҳбарони ТЭТ ҲНИ Сатторов Аёмиддин гӯш медиҳад, дарк менамояд, ки ҳадафи нопоки пайравони ташкилоти мазкур ҷорӣ намудани равияи шиагароӣ ва нест намудани мазҳаби аҷдодии халқи тоҷик мебошад.

Ӯ дар рафти суханрониаш тасдиқ менамояд, ки роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом Муҳидин Кабирӣ ва ҷавононе, ки дар атрофаш ҷамъ намуда буд, ҳама пайрави равияи шиа буданд ва маблағҳои молии ин ташкилоти террористӣ аз Ҷумҳурии исломии Эрон ворид мегардид.

Аз ин гуфтори собиқадори наҳзат аён аст, ки ин ташкилоти-экстремистӣ поягузори равияи шиа дар Тоҷикистон аст, зеро маълум аст, ки Ҷумҳурии исломии Эрон маблағҳои молии худро бе нақшаи пасипардагӣ  ба наҳзатиҳо  намедиҳад.

Бо дасти роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва супориши зерипардпгии охундҳои шиаи Ҷумҳурии исломии Эрон, ки маблағгузории гурӯҳҳои терористӣ аз онҳо сарчашма дорад, чандин ҷавонмардони миллат талаф ёфта, фарзандони онҳо ятим гардиданд, ки ин амали хоинони миллат, ба мисли Муҳидин Кабирӣ ва Абдуҳалим Назарзода бо лақаби Ҳоҷӣ  Ҳалимро на Худованд мебахшаду на миллат.

Наҳзатиҳо замони фаъолияташон бо хабарҳои бардурӯғ дар ҳафтаномаи “Наҷот”, маҷалаҳои “Сафинаи умед” ва “Найсон” худро ҳамчун дустдори миллат нишон медоданд, аммо дар зери пардаи ислом анҷом додани амалҳои ғайриахлоқӣ, ки дар равияи шиа дуруст ҳисобида мешавад, аз қабили никоҳи сиға ва ғайраро анҷом медоданд.         

Бузурге мефармояд:

Зоҳид, ки туро бори риё карда дуто пушт,

Ин риши дарози ту чу як хирқа чу як мушт.

Аммома ба сар сурфа ба бар ҳалқа бар ангушт,

Гар рӯи дилат суи Худо нест, чи ҳосил?!

И.Музаффарӣ, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/986

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-09-2018, 13:30:11 | Диданд: 796