Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8682]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5772]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5131]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4631]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3940]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3937]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3934]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3931]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3639]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 53741
“НАҲЗАТ” Ё “ҲИЗБУЛЛОҲ”?
Аз тамошои филми мустанади “Бозгашт аз Ҷаҳаннам”, ки дар он Сатторов Айёмуддин- узви фаъоли ТЭТ ҲНИ аз ҷиноятҳои ин ташкилоти террористӣ ва созмондиҳандагони он, хусусан хадамоти амниятии Ҷумҳурии исломии Эрон хабар медиҳад, ҳар инсони солимфикр ба хулоса меояд, ки ТЭТ ҲНИ аз рӯзҳои аввали фаолияташ аз номи поки ислом сӯистифода намуда, ҷиҳати расидан ба мақсадҳои палиди худ аз ҳеҷ чиз намеандешидааст.
Дарвоқеъ, ТЭТ ҲНИ ҳамон “Ҳизбуллоҳ”-и Эрон аст, ки дар асоси таълимоти динӣ-сиёсии ташкилоти терорристии байналмилалии Ихвонул Муслимин ва Ҳумайнизми сиёсӣ ба вуҷуд омадааст, аммо устокорона бо номи “Наҳзат” таъсис дода шуд, то мардуми кишварҳои Осиёи Миёна, ки аксаран суннимазҳаб мебошанд, дарк накунанд ва аз он мутанаффир нашаванд ва бо як самимият аз таълимоти он истиқбол гирифта, аъзои он гарданд.
Худро муриди раҳбари инқилоби Эрон донистан, дар васфи ӯ шеъру суруд хондан ва дар маҷаллаҳо мақолаву достон навиштан, дар гирдиҳамоиҳои солҳои 1991-1992 шиорҳои инқилобӣ додан, ба фарзандони худ номҳои охундҳои шиаро гузоштан, бо рӯҳониёни маъруфи суннимазҳаб ихтилоф намудан ва фатвои қатли онҳоро додан, садҳо ҷавонро ба мадориси аҳли ташайюъи Ҷумҳурии Исломии Эрон бурдан ва даҳҳо нафарро дар шаҳрҳои Бумаҳен, Пардис, Ароқ ва остонаи Мозандарон таълими диверсионӣ омӯхтан гувоҳи ин гуфтаҳост.
Хулоса аз ин филми мустанад маълум мегардад, ки охундҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, хусусан раҳбари инқилоб дар ҳама тарҳрезиҳои табаддулотии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, ҷиҳати амалӣ намудани ғаразҳои худ аз ҳимояи ТЭТ ҲНИ даст кӯтаҳ намекунад. Пас бар мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан ҷавонон зарур аст, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надода, аз ҳилаву дасисаҳои бадхоҳони миллат огоҳ бошанд.
Дар охир гуфтанӣ ҳастам, ки агар чунин ҳақиқатҳо амиқтар ҷустуҷӯ шаванд, умед аст, ки як қатор ҷиноятҳои дигари ТЭТ ҲНИ ошкор хоҳад гардид.
Беҳрӯз Сатторов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи
марказии ш. Душанбе
бознашр http://www.din.tj/?q=node/985
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-09-2018, 13:31:34 | Диданд: 673