МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Меҳдӣ Каррубӣ гуфт, ба ҷои "ситоиш" Хоманеиро ҷавобгӯ кунанд

Меҳдӣ Каррубӣ гуфт, ба ҷои

Як ислоҳотталаби саршиноси Эрон аз Маҷлиси хубрагон, ки бояд бар фаъолияти Раҳбари Олии ин кишвар Оятулло Алӣ Хоманеӣ назорат кунад, даъват кард, ки ба ҷои"ситоиш"и беандоза ӯро ҷавобгӯ кунанд.

Рӯҳонии ислоҳотталаб Меҳдии Каррубӣ, ки аз соли 2011 таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад, гуфт, Маҷлиси хубрагон бояд Хоманеиро барои сиёсати се даҳсолааш, ки Эронро ба чунин ҳолати "таассуфовар"расонд, ҷавобгар кунад.

Каррубӣ изҳороти худро дар як номаи боз дарҷ кард, ки рӯзи 2 сентябр дар сомонаҳои мухолифини Эрон нашр шуд.

Ин нома дар ҳоле нашр шуд, ки Эрон ба буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, башиддат поён рафтани қурби пули миллӣ ва эътирозҳои шаҳрвандон рӯ ба рӯ аст. Таҳримоҳои иқтисодӣ, ки Вашингтон ахиран алайҳи Теҳрон аз сар гирифт, вазъро бештар буғранҷ кардааст.

Каррубӣ гуфт, Маҷлиси хубрагон, ки як ниҳоди киссагии Раҳбари Олӣ номбар мешавад, аз Хоманеӣ суол кунад, ки ниҳоди неруманде мисли Сипоҳи посдорони инқилоб дар иқтисоди Эрон чӣ нақш дорад.

"Чаро шумо аз раҳбар талаб намекунед, ки сабаби ба корҳои бонкӣ, фурӯши нафт ва масоили дигар дахолат кардани Сипоҳи посдорони Инқтилоб, пулис ва нерӯҳи Басиҷ дар чист?" - суол гузоштааст Каррубӣ.

Моҳи январ Меҳдӣ Каррубӣ Хоманеиро ба суистифода аз қудрат муттаҳам кард ва аз ӯ даъват намуд, ки масирашро таъғир диҳад.

 

https://www.ozodi.org/a/29468087.html

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-09-2018, 12:55:41 | Диданд: 656