Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8682]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5772]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5131]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4631]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3940]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3937]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3934]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3931]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3639]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 53736
Шерзамонов хам худро хоин исбот кард
Пешвои миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамояд, ки «Истиқлолияти Тоҷикистон бо машақатҳои зиёд ба даст омадааст ва мардуми сулҳпарвари тоҷик, ин дастоварди таърихиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд». Мебояд ҳар яки мо давраҳои даҳшату пурфоҷиаро аз сар гузаронидем, саъю кушиш барои таҳкими сулҳу суббот, нигоҳдории истиқлолият ва устувории пояҳои давлатдорӣ намоем.
Лекин рӯзҳои охир ҷилавӣ кор ба дасти ҳаммаслакони гуруҳҳое, ки осоишу оромии мардуми моро халалдор карданианд, чун Алим Шерзамонов, расидааст. Ин тоифа бо гуфторҳои ғаразноки худ дар сомонаҳои интернетӣ одамонро ба гумроҳӣ бурда, андеша намекунанд, ки бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистони азиз, татбиқи лоиҳаҳои бузурги лоиҳаҳои мамлакат оиди таҷдиди роҳҳо, сохтмонҳои азим,таъмини рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳу сифатии зиндагии мардум, маҷмӯи ташабусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сатҳи ҷаҳони ҳамовози пайдо мекунанд, далели равшану возеҳи тантаҳои истиқлолият ва ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеъа ба шумор меравад.
Ҳадафи чунин шахсон чун Алим Шерзамонов дабири озодандешони Тоҷикистон-сухангӯи ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар Варшава дар зеҳни мардум ҷой кардани мафкураи эътироз, дар мамлакат бунёд намудани нооромиҳо ва монанди онҳо мебошад. Ин нафар, ки худро гӯё дар ғарибӣ эҳсос мекунаду истиқлолияте, ки айни замон мардуми тоҷик доранд комил набуда, мехоҳад бо дасисаҳои худаш давлати тоҷиконро аз байн барад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон некбин ҳастанд, бо дасисабозиҳо ҳеҷ гоҳ бовар накарда, балки нисбати ин тоифа муборизаи оқилона мебаранд.
Рустам Солеҳов, сармутахассиси
шуъбаи маорифи н.Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-09-2018, 11:13:15 | Диданд: 715