МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ҶАМЪОМАДИ ФАЪОЛЗАНОНИ ДЕҲА

ҶАМЪОМАДИ ФАЪОЛЗАНОНИ ДЕҲА

Дар деҳаи ба номи Ҳамид Баротов, ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов бо иштироки занони фаъоли деҳа ҷамъомад баргузор гардида, масъалаҳои марбут  оиди сарфаю сариштакорӣ, масъулияти волидан дар таълиму тарбияи фарзанд ва рафтору одоби ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки айни замон баъди таҳлилу хулосабарориҳои раиси кумитаи маҳалла ҷиҳати сарфаю сариштакорӣ дар ҷашну маросимҳо- аҳолии деҳа аҳамияти ҷиддӣ дода, сарфаю сариштакориро пеш гирифта, аз харҷҳои беҳуда худдорӣ менамоянд. Асоси деҳдорию пешрафти он аз тарбияи насли наврас махсусан ҷавонписарону ҷавондухтарон сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз волидайнро лозим аст, ки ба тарбияи фарзандони хеш ҷиддӣ рафтор намуда, ҳар яки онҳоро аз дасисабозиҳои ифротгарон нигоҳ доранд.

Инчунин дар ин замина ба рафтору одоби фарзандон, ки асосаш тарбия дар оила мебошад, масъулият ба зиммаи падару модар гузошта шудааст.

Аз ин рӯ волидайнро зарур аст, ки вақти зиёди худро ба таълиму тарбияи фарзандон бахшанд, чунки обруи оила аз рафтори фарзандон вобастагӣ дорад. Фаъолзанҳои деҳа Қ. Насриддинова, С. Сайдалиева, Т. Мирзошоева, К. Пиракова, Ғ. Маҳмадова дар баромадашон қайд карданд, ки масъалаи низоми гузаронидани ҷашну маросимҳо  доимо дар маркази диққати кумитаи маҳаллаи деҳа мебошад. Инчунин иброз намуданд, ки барои ободии деҳа ва пешравӣ дар тарбияи ҷавонон чун ҷашнгирии  «Иди Наврӯз», ки  ҳамасола дар деҳа хуб мегузарад, озмунҳои «Оилаи беҳтарин», «Хонаи беҳтарин», «Кӯчаи беҳтарин», «Хонандаи беҳтарин» гузаронида шавад.

 Бо таклифи иштиркчиёни ҷаласа Ғумчагул Маҳмадова раиси занони деҳа интихоб гардид. Дар ҷаласа директори муассисаи таълимии №13 И. Баротов, мутахассиси ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов З. Қурбонова, раиси кумитаи маҳалла Ҳ. Ҳамидов иштирок ва баромад намуданд.

 

Ҳ  Ҳикматулло

узви иттифоқи журналистони

Тоҷикистон

 

Илова кард: Бобоев Ахмад | Илова шуд: 2015-10-09 | Диданд: 1229