Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8682]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5772]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5131]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4631]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3940]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3937]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3935]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3931]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3639]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 53764
НИФОҚИ НАҲЗАТИЁН
Дар дини мубини ислом мунофиқ шахсеро гӯянд, ки дар замираш ниятҳои нопок дорад, аммо дар байни мусулмонон худро муъмини покизакирдор ва дӯсти ғамхор нишон медиҳад. Мунофиқ аз шахси бедин бадтар аст, зеро наметавон аз ғаразҳояш воқиф гашт ва дӯстро аз душман ҷудо кард. Аз ин рӯ, Худованд мунофиқонро аз табақаи поёнтари дӯзах ваъда дода, онҳоро дар дунёву охират хор месозад.
Чунин як гурӯҳи мунофиқон солҳои навадум дар Тоҷикистон хуруҷ карда, ҳизби ба ном исломӣ созмон доданд, ки бо гузашти айём ҳамчун ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шинохта шуд.
Ин ҳамон ҳизб аст, ки солҳои навадум ватани моро ба доми ҷанг кашида, сабабгори кушта шудани даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ, ятим мондани садҳо ҳазор тифлони маъсум, вайрону валаногор шудани шаҳру деҳоти обод мебошад. Ин ҳамон ҳизб аст, ки худро ҳомии дини ислом гӯён сар мебурид, Аллоҳу акбар гӯён тир мекушод.
Давлату ҳукумати Тоҷикистон баҳри сарҷамъ намудани халқи тоҷик, баҳри сулҳу суботи ватан ҳамаи гуноҳҳои ташкилоти террористии ҲНИТ-ро бахшид, ба онҳо вазифаҳои баланд дод, онҳоро парварид, аммо баъд аз гузашти бист сол ҲНИТ бори дигар ханҷар зад. Бо роҳнамоии пуштибононаш мехост, моҳи сентябри соли 2015 бори дигар ватани моро ба хун оғушта сохта, зимоми давлатдориро ба дасти худ гирад. Аз он, ки дар натиҷа ҳазор-ҳазор одамони бегуноҳ кушта мешаванд ва Тоҷикистон мисли Сурияву Ироқ хароб мегардад, парвое надоштанд. Аммо тирашон хок хӯрд. Ҳеҷ кас онҳоро дастгирӣ накард. Зеро халқи тоҷик хоҳони сулҳ аст ва ҳаргиз бадиву хунрезиро қабул надорад.
Ҳанӯз бист сол қабл маълум буд, ки ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон лӯхтаки дасти кадом қувваҳое мебошад. Мардум борҳо иддао доштанд, ки ақидаҳои ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати ислом бо таълимоти мазҳаби ҳанафӣ созгор нестанд, зеро аз даъватҳои ТЭТ ҲНИ бӯи хун меояд.
Он солҳо ташкилоти ТЭТ ҲНИ ошкор намекард, ки дар хориҷа пуштибон дорад ва нақшаҳои хоҷагони худро алайҳи халқи тоҷик амалӣ менамояд. Ин ташкилоти террористӣ худро бо ҳар баҳона сафед карданӣ шуда, аз номи дини поки ислом баромад мекард.
Айни ҳол Муҳиддин Кабирӣ-роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ баъд аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ватан фирор карда, дар кишварҳои ба ном ба мо «дӯст» қарор дорад.
Кабирӣ аз хориҷа истода тавассути сомонаҳои интернетӣ ва баромадҳо дар ВАО ҳар қадаре метавонад, Тоҷикистонро бадном мекунад, зеро ба ҷуз бадгӯӣ дигар чорае надорад.
Имрӯз Кабирӣ мехоҳад бо ҳар роҳу восита ақидаи ҷомеаи ҷаҳониро нисбати Тоҷикистон дигар созад, худро ҳомии дини ислом вонамуд кунад, нишон диҳад, ки маҳз барои пуштибонӣ аз ислом мавриди таъқиб қарор гирифтааст ва ғайраву ва ҳоказо.
Мегӯянд, офтобро ба доман пӯшида намешавад. Имрӯз ҳама асли фаъолияти Кабириву ҳизби террористиашро медонанд. Аммо боиси тааҷҷуб ва таассуф аст, ки баъзе давлатҳои ба мо “дӯст” ва созмонҳои байналмилалӣ наҳзатиёнро пуштибонӣ, роҳнамоӣ ва ҳидоят мекунанд.
Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо гурӯҳи террористони тоҷикро ба ҷаласаи навбатӣ даъват намуда, ба онҳо аз минбар сухан медиҳад. Аммо бояд дар хотир дошт, ки имрӯз хатари ТЭТ ҲНИ натанҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад.
Аз ҷониби баъзе давлатҳои ба мо «дӯст» ва созмонҳои байналмилалӣ, махсусан САҲА пуштибонӣ шудани террористони байналмилалӣ амали беандеша буда, террори хоинони миллат метавонад муқобили худи ин давлатҳо равона гардад.
Аҳлиддин Сайвалиев,
мутахассиси Кумита
бознашр http://www.din.tj/?q=node/1021
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-09-2018, 07:56:02 | Диданд: 708