МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

АМАЛҲОИ ИФРОТГАРОЁНАИ ТТЭ ҲНИ – САЗОВОРИ НАФРИНИ ҶОМЕА

АМАЛҲОИ ИФРОТГАРОЁНАИ ТТЭ ҲНИ – САЗОВОРИ НАФРИНИ ҶОМЕА

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои  ташвишовари  ҷомеаи ҷаҳонӣ ин густариши равияҳои террористӣ ва экстремистии динӣ мебошад. ҲНИ, ки ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф шудааст, аз қабили ниходҳое мебошад, ки нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад. Муҳиддин Кабириӣ ва ташкилоти фаъолияташ мамнуъи ҲНИ пас аз ҳамин қадар ҷинояткориҳо боз ҷомеаро ба иғво кашида, ҷавононро ба ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷалб менамояд.  Аммо имрӯз косаи сабри ҷомеа пур гардидааст, ки нишонаи онро мо дар амали Гулчеҳра Шодмонова, модари гумонбари ташкили ҳамла ба туристони хориҷӣ Ҳусейн Абдусамадов мушоҳида менамоем. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз назди дафтари САҲА дар Душанбе субҳи 7 сентябр хабар дод, ки Гулчеҳра Шодмонова, модари гумонбари ташкили ҳамла ба туристони хориҷӣ Ҳусейн Абдусамадов ба нишони эътироз аз ширкати раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава ба сараш моеи монанд ба бензин рехт.  Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ин саҳнаро баъди он мушоҳида кардааст, ки даҳҳо нафар бо шиорҳои маҳкумкунандаи ҲНИ ва раҳбари ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, инчунин навиштаҷоти мисли “Нест бод терроризм” дар назди дафтари САҲА дар Душанбе таҷаммӯъ карданд. Ӯ гуфт, лаҳзае, ки ходимони полис барои пароканда кардани ин нафарон, асосан ҷавонон омаданд, модари Ҳусейн Абдусамадов - Гулчеҳра Шодмонова пайдо шуд ва дар ҳолати эҳсосот ва асабонияти зиёд нахуст САҲА - ро дар мизбонии Кабирӣ гунаҳгор кард.  Ӯ гуфт, ки САҲА ба Кабирӣ минбар медиҳад ва ин одам дар гумроҳ кардани писари ӯ, ки дар ташкили амали террористӣ дар Данғара гумонбар мешавад, гунаҳгор аст. Ин худ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки  имрӯз халқи бо нангу номуси тоҷик дигар ба ин гуна афрод  ва сарпарастони хориҷии онҳо нафрат доранд.  Зеро ин ташкилотҳо  фарзандони ҷомеаро  бероҳа намуда, дар иҷро намудани амалҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷалб намуда, оилаҳоро ба вайроншавӣ, падару модаронро ба парешонҳолӣ гирифтор намуда истодаанд.  Барои ҲНИ ва сарпарастонаш барои амалӣ кардани ғояҳои сиёсиашон  ҷони инсон ҳеҷ арзише надорад. Онҳо барои  иҷрои ҳадафҳои худ истифода мебаранд. Иштироки Муҳиддин Кабириӣ дар баъзе  чорабиниҳои байналмиллалӣ ба мисли САҲА ба ҷуз аз русиёҳии худи ӯ ва ҳаммаслаконаш дигар чизеро ба бор оварда натавонист. Бо ин амалхои худ Кабирӣ ва ёронаш давра ба давра пустеро аз рӯи худ боз мекунанд, ки ин нишонаи чандруягӣ ва ноустувории Онҳост. Ҳизб ва хоҷагони он барои ба шуури пешбар ва асосии ҷомеаи мо табдил додани шуури мутаассибонаи динӣ кӯшида, мехоханд, ки мо аз ҳурофоти динӣ ва ихтилофоти мазҳабӣ пой берун нагузорем ва барои ноил шудан ба дастовардҳои илмӣ саъю талоши ҷиддӣ надошта бошем Фаъолияти ҲНИ,  ҳатто, бо моҳияти дини Ислом ихтилоф дорад.

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали давлатдории миллӣ ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум менамоянд. Махсусан, дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста дар самти мубориза бар зидди терроризм мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ  мушаххасан дарҷ  гардидааст ва Тоҷикистон ӯҳдадориҳои  худро дар ин замина ба таври доимӣ ба иҷро мерасонад. Аз ин ру, барои ҳимоя ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рӯзафзуни ҷомеа  моро лозим аст, ки баҳри бартараф кардани тамоми омилҳои низоангез дар ҷомеаи худ саъю талош варзем.  Нагузорем, ки чунин ташкилотҳои террористӣ - экстремистӣ  мисли  ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро амнияту пешрафти  ҷомеаро халалдор намоянд. Ҷавононро  ба он даъват менамоем, ки ба ғояҳои бардурӯғ ва иғвоангези ин гуна  равияҳо  дода нашуда, баҳри пешбурд ва равнақи кишвари азизамон тавассути донишу малакаи қавии худ саҳм гузоранд.

Шарифхон Тиллоев-рӯзноманигор

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 19-09-2018, 12:49:54 | Диданд: 676