МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

МЕЊМОН АТОИ ХУДОСТ

МЕЊМОН АТОИ ХУДОСТ

Раванди мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм нишон медиҳад, ки имрӯз ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб мутаҳиддӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеаро тақозо дорад.

Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, аз оқибатҳои фоҷибори фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ, террористии байналмилалӣ хуб огоҳ аст ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ тарафдори муборизаи беамон ва муташаккилона зидди терроризм ва экстремизм мебошад: «Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мебошад».

Фаъолияти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ собит сохт, ки солҳои 1993-2015 роҳбарон ва аъзои фаъоли он бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ даҳҳо ҷинояти вазнин ва махсусан вазнинро содир карда, ҳадафи асосиашон ноором сохтани авзои сиёсӣ ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ғасби ҳокимият буд.

Ёдовар мешавем, ки 29 июли соли равон гуруҳи мусаллаҳи ҷинояткорон бо автомашинаи сабукарви худ дар шорҳроҳи Кӯлоб Душанбе бо суръати баланд 7 нафар саёҳони хориҷиро, к ибо волисипедҳо аз самти Кулоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат менамуданд, пахш намуда, дар натиҷа чор нафарашонро ба ҳалокат расонда, ду нафари дигарашон сахт маҷруҳ мешаванд.

Дар оӯзи иди касбии кормандони тиб дар беморхонаи рақами 5 дар деҳаи Оқҷари ноҳияи Восеъ баъди гузаронидани шанбегӣ аҳли коргарон ҳама ҷамъ омада, роҳбарият, кумитаи иҷроияи ҲХДТ, иттифоқи касаба ҳамаи кормандон ва дар симои онҳо ҳамаи кормандони соҳаи тандурустиро бо рӯзи иди касбиашон- Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ табрику таҳният намуда, баъдан ин ҷинояти ноҷавонмардонаи ин гуруҳро маҳкум намуда, баррасӣ гардид. ба ин ҷинояти нангин ҷавонон даст заданд. Агар онҳо дарси адаб меомӯхтанду худшинос мебуданд ва худро фарзанди миллати тоҷик мешумориданд, ҳаргиз ба ин амали нангин, яъне қатлу куштор даст намезаданд.

Агар ин ҷавонони фирефтаи бесару сомон аз панду андарзҳои бузургонамон заррае баҳравар мебуданд, ҳаргиз ба ин амали зишти ғайриинсонӣ даст намезаданд. Ҳар як фарди баору номуси ҷомеаро мебояд тарзе тарбият гирад, ки кафили амнияти давлату миллаташ бошад ва дар симои ҳар як фарди ватанӣ падару мода рва бародару хоҳаи худашро пеши назар орад.

Имрӯз мардуми ҷаҳон  ба Тоҷикистону тоҷикистониён оварӣ дорад, сулҳи тоҷиконро мепазиранд ва омӯзиш мекунанд ва бод или пур, бо умеду орзуи дидан аз мардуми куҳантаърих, огоҳӣ ёфтан аз фарҳанги волои он ба сарзамини бостонӣ, ба диёри мо қадам мегузоранд, меҳмони мо мешаванд. Дар урфият мегуянд: «Меҳмон атоии Худост». Ва қадри ӯ болотар а ҳама аст. Ин асти, ки тоҷикон ҳамчун расми куҳан беҳтарин нозу неъмат, анвои хӯрданиашро пеши меҳмон мегузорад, бюо чеҳраи кушоду лаби пуртабассум меҳмонро қабул мекунаду мегуселонад. Вале…

Амали нангине, ки аз тарафи ҷавонони бехираду фирефтаи гуруҳҳои терористию экстремистӣ бо саёҳони хориҷӣ сар зад, ин як сиёкунии Тоҷикистону миллати тоҷик аст. Ва гуруҳи сиёҳкорон гуфтанианд, ки ба оромии бовар кардан мумкин нест. Ва басафари саёҳони хориҷӣ ба кишвари мо сад эҷод карданианд.

Марди террор на дину на диёнат дорад,

Амал чист, ки бар халқ хиёнат дорад.

Хоинон бо нишндоди хоҷаҳои хориҷии худ даст ба чунин амал заданд, вале онҳо ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд. Тоҷикистгон ором аст ва ором мемонад, ҳамаи Тоҷикистонпиён меҳмонро азиз медоранд, бод или гарм ба оғӯш мегиранд. Ин анъанаи нек рисолати гузаштагон бар мардуми мо аст. Онҳое, ки ба ин анъанаҳо риоя намекунанд, бо мо нестанд.

Аз ин рӯ ҳаряки моро зарурн аст, ки дар вазъияти ниҳоят ҳасосу ноороми ҷаҳон таъкидҳои Сарвари давлатамонро, ки чунин гуфта буд: «Нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк намоем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зндагиамон-истиқлолияту озодӣ, соҳибватану соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем» дар амал татбиқ менамоем.

М. САИДОВ,

мудири ташхисгоҳи

беморхонаи №5-и ноҳия

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-09-2018, 14:10:54 | Диданд: 745