Раиси ноҳия
Муовини аввали Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8683]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5772]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5131]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4631]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3940]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3937]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3935]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3931]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3640]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 53778
ПАЙМОНИ КАБИРӢ ВА НИМКОСАҲОИ ЗЕРИ КОСА
Дар ҳошияи нишасти солонаи САҲА оид ба ҳуқуқи башар дар шаҳри Варшава таъсис ёфтани боз як созмони наве аз ҷониби ТЭТ ҲНИ, бо унвони «Паймони миллии тоҷикон» бори дигар собит сохт, ки агар инсон ба хотири ғаразҳои шахсӣ дар хизмати хоҷагони бегона қарор гирифта, ба мазҳабу ватанфурўшӣ ва хиёнат ба миллати хеш одат карда бошад, барои вай Ватану миллат дигар ягон арзише надоранд.
Муҳиддин Кабирӣ ва дигар раҳбарону аъзоёни ТЭТ ҲНИ усулҳои гуногуни хиёнатро дар ҳаққи Ватану миллат идома бахшида, акнун эъломияеро барои таъсиси кадом як созмони нав бо номи «Паймони миллии тоҷикон» эълон намуданд. Паймоне, ки боз як роҳи фитнаангезию иғвогарӣ нисбат ба кишвари Тоҷикистон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ асту бас.
Онҳое, ки аз хиёнатҳои ТЭТ ҲНИ дар нисбати Ватану мардуми Тоҷикистон бохабаранд, хуб медонанд, ки ин созмон асосан як унвони нави ТЭТ ҲНИ мебошад. Мавриди зикр аст, ки «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» ва «Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо» низ унвонҳои дигари нави ТЭТ ҲНИ мебошанд.
Бо таъсиси чунин паймонҳову эътилофҳо ҳеҷ як хоину бадхоҳе наметавонад обрӯю нуфузи Тоҷикистони маҳбубамонро, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари демократию ҳуқуқбунёд шинохта шудааст, дар арсаи байналмилалӣ коҳиш диҳад. Зеро ҳадаф аз таъсиси ин эътилоф танҳо хиёнат ба ватану миллат буда, мақсади онҳо ба ҷуз иҷрои хостаҳои хоҷагони хориҷиашон чизи дигаре намебошад.
Мардуми шарафманди тоҷик то ба имрўз аз хиёнату дасисаҳои ТЭТ ҲНИ чунон дилгир ва зираку ҳушёр шудаанд, ки агар онҳо сад бори дигар худро бо роҳу усулҳои гуногун ҷилвагар созанд ҳам, ҳама кӣ будани онро медонанд, дигар ҳаргиз ба суханони Кабириву ҳаммаслакони хоинаш бовар нахоҳанд кард ва ниёз ба ягон хел «паймон»-и хиёнаткори ватанфурўш надоранд.
Умарҷон Каримов,
мутахассиси пешбари Кумита
бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/1055
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-09-2018, 08:46:44 | Диданд: 642