МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Террорист ватану миллат надорад

Террорист ватану миллат надорад

 

 

Ман ҳамчун омӯзгор 60-соли ҳаёти худро ба кори таълиму тарбияи насли наврас сарф кардам. Ёд дорам, замони шӯравӣ масъалаи террор, хиёнат ба ватанро аз ягон миллат надидаву нашунида будем. Имрӯз, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол гардида, тоҷикон аз ҳама шароитҳо бархурдоранд ва фазои оромӣ, сулҳу ваҳдат пойдор аст, баъзе нафарон ношукрӣ намуда, пайи ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро мераванд. Бар ивази маблағе онҳо дар ноором кардани ватани амну осоиши мо даст мезананд. Давлати сулҳпарвари мо, ки дар олами имрӯза ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу сулҳҷӯй дар арсаи сиёсати дохилию хориҷӣ муаррифӣ шудааст, ба душманон хушоянд нест. Баъзе ҷавононро Ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом бар зидди ватани худ мешӯронанд. Аз ҷумла, амали нангини бадномкунандае, ки чанде пеш аз тарафи якчанд ҷавони зархарид ба миён омад, бе ягон муҳобо метавон гуфт, ки он ба муқобили миллати сарбаланди мо ва  давлату ҳукумати Тоҷикистон равона шуда буд.

Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтидо то ҳанӯз маълум аст, ки тоҷикон дар олам миллати меҳмондӯст, меҳмоннавоз дар саҳифаи таърих сабт шудааст. Аз ин лиҳоз хусусиятҳои наҷиби инсондӯстиаш ӯро водор месозад, ки ободкорию созандагӣ намуда, соҳиби нуфузи баланди ҷаҳониён бимонад. 

Чуноне ки ҳамагон медонанд, имсол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2018 соли «Рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст. Аз ин рӯ саёҳон аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистони биҳиштосо меоянд ва аз манзараҳои зебои он дидан мекунанд.

Ҳодисаи нангини қатли ваҳшиёнаи саёҳон аз ҷониби як гуруҳ хоинони миллату ватан бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки душманони мо намехоҳанд Тоҷикистон тинҷу ором бошад.

Мо, тоҷикон барои ҳифзи истиқлолияти кишварамон ҳамеша омодаем ва амалҳои ноҷавонмардонаи хоинони миллат ва хоҷагони онҳоро сахт маҳкум мекунем. Ватани азизамон- Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо мегардонем.

С. Одинаев     

            

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 01-10-2018, 13:37:22 | Диданд: 665