Раиси ноҳия
Муовини аввали Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8683]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5772]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5131]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4631]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3940]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3937]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3935]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3931]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3640]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 53784
РАСВОИИ КАБИРӢ ДАР САҲА ОШКОР ШУД!
Чанд муддат аст, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо САҲА ҳамкорӣ карда, дар паи амалҳои шум аст. Аммо САҲА ба ӯ бо чашми таҳайюру нобоварӣ нигоҳ мекунад. Хоҷагонаш меандешанд, ки ин ҳамон Кабириест, ки миллати худро пушти по зад, ба нону оби Ватанаш туф кард, ёрони ҷониашро пушти панҷара бурду худ фирор кард ва оё ба онҳо вафодорӣ мекарда бошад? Ҳатто ба тифлаки дар батндоштаи Кабирӣ низ бо чашми нобоварӣ нигоҳ мекунанд, зеро Кабирӣ гоҳе зери пойи эрониҳо буду гоҳи дигар аз турку арабҳо.
Ба хотири дур кардани ҳар гуна шубҳаҳо аз афкори хоҷагонаш Кабирӣ худро аз ташхиси тиббӣ ҳам гузаронидааст, ки дар батн духтар доштааст. Бо маслиҳати Шерзамонову Гадоеву Ёқубов ба хулосае омадаанд, ки номи тифлакро Паймона хоҳанд гузошт.
Момодояҳои таҷрибадидаи Кабирӣ зуд ин пайғомро ба САҲА расонидаанд. САҲА-бек аз таваллуди ояндаи духтар хурсанд шудааст, аммо аз номи интихобкарда – Паймона, на он қадар ҳам хуш шудаанд. Рӯйрост ба момодояҳои Кабирӣ гуфтаанд, ки Кабирӣ паймоншикан аст ва интизор меравад, ки он тифлро ҳам бар ивази чанд дуллору евро ба фурӯш гузорад. Агар чунин намебуд, пас чаро ӯ паймони сулҳу оштиро дар Тоҷикистон шикаст ва чаро ба мардум ва Ватани худ хиёнат намуд?!
САҲА зуд анҷумани худро доир карда, дар рӯзномаи ҳамоиш масъалаи обистании Кабирӣ ва Паймонаи оянда ба дунёмеомадаи ӯро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Аксар рӯ турш карданд ва санги маломат сӯи САҲА партоб намуданд, ки чаро маъшуқаи яклаҳзаинаи худ Кабириро ҳомиладор карданду аз ӯ Паймонаро интизоранд? Аммо САҲА бо ишорат ба ҷамъомадагони ҳамоиш фаҳмонид, ки ин ҳама муваққат аст ва Кабирӣ, ки дар ин корҳо таҷриба дорад, хоҳу нохоҳ баъд аз ба дунё овардани Паймонааш дасти дигаре хоҳад гирифт. Охир чунин хусусияти хиёнаткорӣ бо шир ба ҷони Кабирӣ омадаву танҳо бо ҷон аз тани ӯ берун хоҳад гашт.
Кабириву момодояҳояш хуб дарк кардаанд, ки САҲА ҳатман домони онҳоро аз худ раҳо хоҳад кард, аз ин рӯ ба чор тараф лангар партофта ба худ домоди муносибу мушфиқу ғамхор ҷустуҷӯ доранд, то оянда Паймону паймонаҳо аз хоҷагони ҳар минтақаашон ба дунё оранд.
Дар баъзе сомонаҳои ифротии наҳзатӣ мақолаи иғвобарангезонае таҳти унвони «Филмҳо, таҳдидҳо ва тазоҳурот. Тоҷикистон чӣ гуна ба нишасти САҲА дар Варшава омода мешавад?» интишор ёфтааст, ки дар он.
Муаллифи мақола бо муболиға менависад, ки «нишасти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Варшава дар ҳоли ҳозир ягона майдон барои муборизаи рӯёрӯии ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифонаш боқӣ мемонад».
Аммо чунин нест, зеро фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи САҲА ҳамчун аъзои ин ташкилот фарогири масъалаҳои хеле муҳим ва васеътар аз он аст, ки наҳзатиҳо мепиндоранд.
Ғайр аз ин бояд таъкид кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ТТЭ ҲНИ мухолифи сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон нест, балки як ташкилоти террористӣ мебошад. Ташкилоти террористиро аз мухолифи сиёсӣ фарқ кардан зарур аст.
Кишварҳо ва созмонҳои байналхалқию минтақавӣ ҳам бояд ТТЭ ҲНИ-ро Ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф кунанд, на ин ки онро дастгирӣ намоянд. Ҳол он ки то ин вақт созмонҳои бонуфузе ба мисли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ТТЭ ҲНИ-ро террористию ифротӣ меҳисобанд.
Дар конфронси гузаштаи САҲА, ки дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон доир гардида буд, ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ҷаласаи мазкурро маҳз барои он тарк карда буд, ки дар толор роҳбарону масъулони фирории ТТЭ ҲНИ ҳузур доштанд. Ин амали ҳайати давлати Тоҷикистон як эътирозе буд, ба сиёсати духураи масъулони САҲА, ки тудаи террористонро имконияти дар конфронси ин созмони бонуфуз ширкат варзидану баромад карданро додаанд.
Имрӯз наҳзатиҳо воқеияти Тоҷикистонро ё дуруст намедонанд ва ё донистан намехоҳанд, ки тамоми мардум аз онҳо безоранд ва дигар намехоҳанд, ки ТТЭ ҲНИ дубора баргардаду ҷангу хунрезӣ орад. Барои Ҳамин ба САҲА Ҳушдор медиҳанд, ки ҳомии террористон набошанд ва Кабирию Ҳаммаслаконашро ба конфронси Варшава роҳ надиҳад. Барои ҳамин Гулчеҳра Шодмонова, ки фарзандашро наҳзатиҳо фиреб дода, аз ӯ террорист сохтаанд, эътироз мекунад ва таҳдид дорад, ки агар пуштибонии Кабирӣ аз ҷониби САҲА хотима наёбад, худро оташ мезанад. Зеро вай фаҳмидааст, ки писараш Ҳусейн маҳз бо супориши Муҳиддин Кабирӣ амалиёти террористӣ анҷом додааст. Ин зани тоҷик ба хотири шустани гуноҲи писараш тасмим гирифтааст, ки то замоне зинда аст, муқобили Кабирӣ мубориза барад.
Ҳамин тавр Кабирӣ дар фазои виртуалию афкори умум худро наҳзатии сиёсатмадор вонамуд мекарду дар доираи ҳаммаслакону пайравонаш аз худ дастпарвари ягонаи ба қавле «устод»-ашонро метарошид, ки ҳатто баъди аз Тоҷикистон фирор намуданаш ҳам раҳгумзадаҳои ин ҷамъияти фиребо ӯро раҳбари худ дониста, бовараш карданд. Фарзияи ғолиб атрофи ивазнашаванда донистани «картаи айёр» аз хулқи зоҳирпарастии ҷонибдоронаш маншаъ мегирифт, ки бо васвасаи хоҷагону пирони найрангбози ин ташкилоти террористӣ – экстремистӣ ба чеҳраи хунхори ҳизби бо ном наҳзати исломӣ кисвати зебо пӯшонида буданд. Албатта, ба маънои гуфтори; «Мор мор аст, агар кисвати зебо дорад», ки бозгӯи сурату сирати роҳбари ТТЭ ҲНИ аст, нафароне сарфаҳм мераванд, ки зери таъсири ин доираҳои афсуншуда намондаанд.
бознашр аз http://kgu.tj/donishgo-i-mo/?ELEMENT_ID=830
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 01-10-2018, 13:48:40 | Диданд: 1034