МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

«Паймон»-и наҳзатиҳо созмони ҷиноятӣ аст!

«Паймон»-и наҳзатиҳо созмони ҷиноятӣ аст!

Фаъолони фирорию ҷинояткори наҳзатӣ амалеро анҷом доданд, ки найранги навбатии онҳо бар зидди Ватану миллат мебошад. Барои бешарафон ва ҳарзагӯён, ки дар миёни  ҷомеъа   ҳамчун иғвоангезу ситамгар, дурӯяву ватанфӯш, разилу бехирад, носипосу кӯрнамак маъруфу машҳур мебошанд обу нону хоки Ватан, арзишҳои волои ваҳдату якдилӣ, истиқлолияту якпорчагии Тоҷикистони азизу соҳибистиқол,  ҳайф асту  ҳайф аст !!!  Ҳаммаслакон ва кӯтоҳандешону  роҳгумкардаҳои  наҳзат ! Итминони комил дорам ва мутмаинам, ки он рӯз дур нест, ки  ба гарди хоки Ватан зор мегардед !!!  Ташкил шудани эътилофи Паймони миллӣ аз ҷониби созмонҳо ва ҳизби мухолифи Тоҷикистон дар нишасти Варшава ҳар нафари дӯстдори Ватанро ба хулоса меорад, ки мушкилоти ҳамдигарфаҳмии тоҷикон дар арсаи байналмилал аз ҳарвақта бештар мегардад.  Ба назари мо, ташкили чунин паймоне, ки мушкил ва муамморо на дар иҳотаи худии бародарӣ, балки дар арсаи байналмилал ҳаллу фасл карданист, баҳри манфиатҳои миллии кишвари мо нест ва нахоҳад буд. Дастандаркорони чунин «паймон», ҳатто, он мухолифони давлатеро, ки алҳол ба сафи чунин ниҳод напайвастаанд, интиқод мекунад (масалан, напайвастани Гурӯҳи 24 ба ин паймонро). Ин маънои онро дорад, ки дар байни мухолифони давлат низ ихтилоф мавҷуд аст. Аз ин нуқтаи назар таъсиси ин эътилоф ва ормонҳои созмондиҳандагон қобили маҳкум кардан аст.  Аркадий Дубнов, ки худро коршиноси масоили осоиштагии Тоҷикистон ба шумор меоварад, таъсиси Паймони миллиро гоми хубе барои ташкили як созмони мӯътабар мешуморад, ки пуштибони ашадии мухолифони тоҷик будани ӯро собит мекунад. Ин тӯдаи харобиовар бо баҳонаи таҷлили Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Варшава ҷамъ омаданд. Аммо дар асл барои иштирок дар конфронси САҲА ва истифода бурдани фурсати муносиб барои анҷоми фаъолияти душманонаашон он ҷо ҳузур доштанд. Наҳзатиҳо гӯё барои ҷашни Истиқлолият маъракае оростанд, лекин фурсатро истифода карда, як иттиҳоди ҷиноятию террористии наверо созмон доданд. Ба ин иттиҳод ё эътилоф гӯё чор ташкилоти террористию ифротӣ: ТТЭ ҲНИ, Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ шомил гардиданд. Аммо дар асл худи фаъолони наҳзатӣ онҳоро таъсис дода буданд. Роҳбарони ин ташкилотҳо ҳамагӣ вобастаи наҳзатанд ва аз ҳисоби ҳамин созмони террористӣ пул мегиранд. Амали мазкури Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш такрори ҳамон амалҳоест, ки солҳои навадум роҳбарони собиқи наҳзатӣ барои ғасби ҳокимияти сиёсӣ анҷом дода буданд. Он замон наҳзатиҳо дар Афғонистон ИНОТ созмон дода, ташкилотҳои дигарро дар худ маҳлул карда, ба муқобили давлату миллати худ меҷангиданд. Нафароне, ки дар иттиҳоди Кабирӣ ҷамъ омадаанд, шахсони беҳуввият, манфиатҷӯ ва беномус мебошанд. Дар ҳолати зарурӣ ин тӯдаи бадхоҳ ҳамдигарро ҳам фурӯхта, аз рӯйи одати дерина хиёнат мекунанд. Шумо хоҳинони миллат пешоҳангони илми тоҷикро аз байн бурдед, умр ва саодати рӯзгори осудаи садҳо ҷавонони ноогоҳро бар бод додед, ҳазорон хонаро мотамзада ва қалби модарони азизро ғамхона кардед, миллати шарифи Тоҷикистонро бо рафтору кирдори аблаҳона ва бешууронаву ғаразнокатон назди оламиён шармсор кардаед. Пешаи кори Шумо ҳама риёкорию хусумат, бадбинию разилӣ, душманию нотавонбинӣ ва носипосию кӯрнамакӣ нисбат ба мардуми азизи Тоҷикистон аст. Аммо мутмаин бошед, ки роҳи пешгирифтаи  ҷомеъасозии  мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол равшану бебок, пешрафтаву шукуфон, муттарақиву созанда аст !!!  Асрҳо мегузаранд номи  Шумо дар назди таърих бо ҳарфҳои сиёҳ ҳамчун душмани  миллати Тоҷик  ҳаккоки хоҳад шуд !  Мо дар роҳи рушд ҳастем. Шумо дар ҳоли зиллат ! Мо созандагонем Шумо сӯзандагон ! Мо барои расидан ба ҳадфҳои аз ин ҳам бештару беҳтар қадамҳои устувор мегузорем !  Шумо бо ҳадафҳои нопокатон асобадат дар ба дар мегардед  Пос доштан ва эҳтиром гузоштан ба  арзишҳои миллӣ,  заковату хирад, меҳнатдустиву ҳалолкорӣ,  шараф номус, ҳифзи арзишҳо, ободкориву рушд мароми мост !  Гузаштагони бузурги мо асрҳо пеш аз ин низ ба ҳамин ақида будаанд, ки дар ҳама давру замон бадхоҳону кинаварон буданду ҳастанд. Шумо низ аз табори нотавонбинон ва ҳасудон ҳастед. 

Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,

Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.

  Аз нотавонбиню душманӣ  ва разиливу ҳасудии Шумо зарре ҳам қадр, манзалат, иззату нуфуз ва арзишҳои бебаҳои  истиқлолияту ваҳдати миллат  кам намегардад. Мо ҳамоно қавитар, зираку ҳушёртар,муттаҳиду  камарбаста,  меҳнаткаш барои ҳифз ва гиромидошти арзишҳои миллӣ камари ҳиммат мебандем ва  ҳамҷоя   ҷомеаамонро  аз ангезаҳои хатарзои замони муосир ҳифз кунем. Хушбахтона, имрӯз мардуми огоҳи Тоҷикистон дар атрофи сиёсати дурусту бунёдкоронаи  ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идома додани корҳои ободонию созандагӣ муттаҳид гардидаанд ва дар муборизаи зидди террористии наҳзатӣ оштинопазиранд. 

Шарифхон Тиллоев-рeзноманигор

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-10-2018, 11:04:39 | Диданд: 949