МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хатари ТТЭ ҲНИ-ро доимо бояд таъкид кард

Хатари ТТЭ ҲНИ-ро доимо бояд таъкид кард

Ташкилоти террористи ва экстремситии ҳизби наҳзати исломи ки айни ҳол дар хориҷи кишвар ба буҳтону ёвагӯиҳои машғул аст ва ҳоло ҳам аз мақсадҳои ғаразнокаш намондааст, зарур аст, ки хатари онро дар ҳамаҷо ёдовар шавем. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон дар давлати Ҷопон бори дигар аз  мақсаду мароми ташкилоти террористиву экстремистӣ ёдовар шуданд, ки албатта баромади Сарвари давлатро ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ мекунанд.  

Ҳизби хиёнаткор ва зиёновар боис шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози иқтисоди чанд сол ақиб монд. Новобаста аз ин мардуми саргардону сарсони замони ҷанг бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, имрӯз нафаси озоди соҳибистиқлолӣ мекунанд. Ва озодии имрӯзро пос медоранд.

Агар роҳбарият ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳазор баромад кунанд дар хориҷи кишвар мардуми Тоҷикистон медонанд, ки инҳо кистанду чи корҳои нопок доранд. ҲНИ боре мактаб насохтааст, ҳатто камбағалеро дастгири накардааст, фақат баръакс хароб кардаасту писарро аз модар ҷудо, ва оиларо  вайрон кардааст.

Мо имрӯз шукронаи Истиқлолият мекунем ва аз Ватани худ, ки онро Тоҷикистон ном аст ифтихор дорем. Чунин нафарони ёвагӯй ва миллатфурӯш, ки аз дур сиёсати кишвари моро муҳокима мекунанд лаънат мегӯем. Барои мо фарз аст, ки зарар ва мақсади ТТЭ ҲНИ  дарҳамачо гуем, то ки инхо дигаронро низ фиреб надиханд. 

 

 Солеҳов Р- корманди шуъбаи маорифи ноҳия

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-10-2018, 11:25:12 | Диданд: 599