МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

МУБОРИЗА БО ТЭТ ҲНИ МАСЪУЛИЯТИ ИМОНИСТ!

МУБОРИЗА БО ТЭТ ҲНИ МАСЪУЛИЯТИ ИМОНИСТ!

Вақте ба саҳифаҳои таърих назар меафканем, дарк мекунем, ки наздик ба ҳазор сол тоҷикон соҳиби давлати мустақил набуданд. Дар ин муддат барои амалї намудани ормонҳои чандинсола талош менамуданд. Хушбахтона, баъди чандин аср тоҷикон дигарбора соҳиби давлати мустақил гардиданд. Дар ин лаҳзаи кӯтоҳ, дар давоми 27 соли соҳибистиқлолї миллати тоҷик ба дастоварду комёбиҳои калон ноил гардид, ки ин ҳама самараи соҳибистиқлолии давлат ва миллат аст.

Аммо душманони миллат аз хориҷ кишвар ҳанӯз дар фикри ноором кардани вазъи осудаи мо ва татбиқи ҳадафҳои муғризонаи худанд. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ гоҳо бадгӯии онҳоро нисбати давлату миллат мешунавем.Бо ҳар роҳ мехоҳанд ба мамлакати тоҷикон халале ворид намоянд. Воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ки миллатро ба ҳоли парешонию давлатро дар ҳолати нестӣ қарор дод, натиҷаи кори тарафдорони ТЭТ ҲНИ ва роҳбарни ин ҳизби манъшуда мебошад, ки ба ин қаноат накарда, боз дар хориҷи кишвар бо маблаѓҳои хоҷагони худ барои ноором кардани низоми давлати тоҷикон талош карда истодаанд.

Агар ба воқеаҳои солҳои истиқлолияти миллӣ назар афканем, дар он нақши хиёнатгаронаи ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзат дар ноором кардани вазъи дохилии давлат баръало намудор мешаваду халос. Яъне ин ҳизб дар муддати фаъолияти худ ба ҷуз кинаву бадбинӣ дар байни миллат дигар ҷизе ба бор наовардааст.

Хушбахтона, ҳоло мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр басар мебаранд ва зина ба зина иқтисодиёти кишвар рушд мекунад, масъалаҳои иҷтимоӣ ҳалли худро меёбанд. Ҳамаи мушкилоти мо фақат дар ҳолати сулҳу осоиштагӣ метавонад ҳалли худро ёбад . Аз ин рӯ, ҳар фарди ватандӯст ва миллатдӯстро зарур аст, ки масъулияти худро содиқона анҷом диҳад. Сулҳу суботи кишварро чун гаҳвараки чашм ҳимоя намояд ва ба зидди душманони миллат –роҳбарни ТЭТ ҲНИ муборизаи беамон барад. Зеро ин масъулияти инсониву имонист!.

Мустафо Амиров,

сархатиби масҷиди марказии н. Рашт

бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/1088 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-10-2018, 11:30:00 | Диданд: 668