Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8683]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5772]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5132]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4631]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3940]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3938]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3935]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3931]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3640]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 53794
Дасисаи навбатии хоинон
Дар расонаҳои хабари гуруҳҳои ифродгароию тундрав ва терроризм нисбат ба кишвари рў ба инкишофниҳодаи мо ҳар гуна буҳтонҳо зада обрўи кишварро дар арсаи байналмилаллӣ коста мехоҳанд. Аммо ин амали номатлубу ѓаразноки онҳо ба ҷуз дасисаҳо чизе нест. Чанд нафар тоҷике, ки дар хориҷ ба хатою ҷиноятҳои худ зиндаги дораду имруз хешро ҳомии Ватан медонаду баҳри ободии он сухан мегўяд хандаи кас меояд. Ватандору ватандўст он касест, ки дар лаҳзаҳои душвор ҷон дар кафи даст гирифта баҳри ободии Ватан хиштеро болои хишт мегузорад. Шумо ҷанобони худоношинос баҷои ин дасисабозиҳоятон назди халқу ватан бахшоиш мехостеду баҷои хизмати хоҷагони хориҷиатонро карда баҳри ободии диёратон заҳмат мекашидед.
Шумо барои он, ки хоҷагони хориҷиатонро наѓзтару хубтар фиребида ва маблаѓи калонро соҳиб шуда хешро ба шохаҳо тақсим намудед «Ҷумбиши ислоҳот ва рушд», «Анҷумани озодандешагон», «Кумитаи шаҳрвандии дифоъ аз зиндониён ва асирони сиёси» ва боз дигару дигарҳо оё Тоҷикистон тайи солҳои истиқлолият рушд кардааст. Дар ҳама соҳаҳо, ки сиёсат, саноат, маорифу тандурустӣ иҷтимоию фарҳанги ва кишоварзи комёби бадаст наовардааст.
Ин ҳамаро нодида гирифтани шумо гуноҳест нобахшиданист. Чандест , ки ҷавононо бадахшони дар боби ин диёри куҳистони тоҷик ҳарфзада хешро ѓамхори мардуми ин диёри тоҷик муарифӣ мекунанд, ки ҷуз дасисаи навбати чизи дигаре нест. Ҳамаи ин бадбинию буҳтонҳои шумо аз тарси ҷони хешасту бас . Шумо ҷавонони бадахшони кишварро дар солҳои ҳокимияти абарқудрати шурави пеши ру биёреду тайи солҳои истиқлолият, тафовуд аз замин то осумон.
Зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ин диёри дар замонаи аз назарҳо дурмонда имрўз тоба куҷоҳо расидааст. Ин диёр дорои Донишгоҳи байналмилалӣ, майдони варзишии ҳозиразамон, муассисаи Президентӣ ва даҳҳо номгў иморатҳои маданию маърифат.
Худ шояд дида бошед, ки Президентӣ кишварро ҳангоми сафари кориаш ба ин диёр мардум бо чи самимияту дилгарми истиқбол гирифтанд. Шумо аз ин ба худ мепечед, назди хоҷагонатон сархам мегардед, ки баҳри тафриқа андози дар ин манотиқ аз дастатон чизе наомад . Фурсат он аст, ки шумо аз кардаҳои хеш пушаймон шаведу назди халқи Ватан бахшоиш хоҳед. Гардани каҷро шамшер набуридааст – мегўяд халқ .
Омӯзгори МТМУ № 59 н. Восеъ Шамси Араб.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-10-2018, 14:24:19 | Диданд: 786