Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8683]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5772]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5131]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4631]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3940]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3938]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3935]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3931]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3640]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 53793
Далелҳои беасос
Таи солҳои охир дар расонаҳои хабари навиштаҳои зиеде оиди ноором намудани вазъи сиёсии кишвари мо рўи чоп меояд, ки ба ҷузъ воҳимаандозиҳо чизи дигаре нест. Дар навиштаҳои «КДАМ» дар Бадахшон чи мекобанд? Боз гуфтори беасоси гуруҳҳои ифротгаро ҳасту бас. Воқеан ҳам дуруст аст, ки минтақаи Бадахшон нуқтаи аз ҳама зиёдтар дар гардиш будаи маводи мухадир ва силоҳ аст. Вале ин он маъниро надорад, ки мардуми заҳматкаши ин минтақа нисбат ба Ҳукумати қонунии кишвар нигоҳи манфие дошта бошад. Сафари кори Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон дар моҳи сентябри соли ҷори ба ноҳияҳои ин минтақа ва истиқболи гарму ҷушони ин мардум ва чеҳраҳои пур аз хандаи онҳо далели ин гуфтаҳост.
Муалифон онро далел меоранд, ки ҳангоми сафари корияш Президенти кишвар ба ин минтақа қувваҳои зиёди ҳарбиро сафарбар намуд. Ин ҷумла ба ҷузъ чизи дигаре нест. Амнияти сардори давлатро таъмин намудан рисолати гурўҳҳои мутасади, махсусан қувваҳои ҳарбї мебошанд. Имрўз кадоми сардори давлат баҳри ҳимояи амнияти хеш гурўҳҳои махсуси мутассади надорад. Далели дигаре, ки муаллифон дар навиштаҳои худ баҳри нооромии ин минтақаи кишвар нишон медиҳанд, ҳанўз дар дасти бошандагони ин маҳал будани силоҳ мебошад. Ин гуфтаҳои шумо то андозае шояд дурустҳам бошад. Зеро гул бехор намешаваду панҷ ангушт баробар.
Ин яроқ воқеанҳам дар дасти он касони маҳфуз мондааст, ки аз хоҷагони худ дар вақташ баҳри ноором сохтани ин минтақа маблаѓҳои зиёдеро аз худ кардаанду имрўз чик ор карданашонро намедонанд. Он меҳру муҳаббат ва самимияте, ки мардумони минтақаҳои кишварамон бо ҳам доранд, чунин яроқҳои зери чоҳ пинҳон буда бар хеш зам баста ба нести мераванд.
Шумо менависед, ки дар Бадахшон интиқоли силоҳ аз хориҷ чун маводи мухадир зиёд аст, вале чун чашмдошти шумо не. Ин азон ҷиҳат аст, ки сарҳади марзии мо дар ин мавзеъ бо Бадахшони Авѓонистон басо тулонист ва назораташ душвор аст, ки бо мурури замон ҷойи худро мегираду ба лаби ҷуй баробар аст.
Фикри солим он аст, ки ба ҷойи ин сафсатафуришиҳо баҳри ободии ин минтақаи кишвар дасти ёри дароз намоему сатҳи зиндагии мардумро баланд бардорем, на аз паи пешвои маҳалии бошем. Охир офтобу моҳ ҳамеша ягонаанд, ки низоми гардиши замин дар меҳвари худ побарҷост.
Шамси Араб омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-и ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 15-10-2018, 12:27:38 | Диданд: 784