МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ШӮРОИ ҶАҲОНИИ УЛАМОИ ДИН ТЭТ ҲНИ-РО ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ВА МАБЛАҒГУЗОРИ ОНРО ДУШМАНИ БАШАРИЯТ ХОНД

ШӮРОИ ҶАҲОНИИ УЛАМОИ ДИН ТЭТ ҲНИ-РО ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ВА МАБЛАҒГУЗОРИ ОНРО ДУШМАНИ БАШАРИЯТ ХОНД

Рӯзҳои 16-18октябри соли 2018 дар меҳмонхонаи “Алмоса”-и Қоҳира зери сарпарастии Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ чаҳорумин Конференсияи Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ» баргузор гардид. Дар ҳошияи конференсияи мазкур ҳайати расмии 73 кишвари ҷаҳон бо шумули донишмандони соҳа, пажуҳишгарон, сарони муфтиҳо, вазирони Кумитаи дин, сафирони фавқулода ва мухтори муқими Миср ва намояндагони баландпояи Ҳукумати Миср ширкат доштанд.

Дар рафти конференсия донишмандони соҳа аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон бо як овоз таъкид намуданд, ки ташкилоти “ихвонул-муслимин”-и террористӣ то ин лаҳза бо дурӯғу фиреб сарукор гирифта, қаноти хориҷии он, ба мисли ТТЭ ҲНИ ҳамоно ба фаъолиятҳои зӯроварӣ ва терроризми худ идома дода истодаанд. Баҳри дастрасӣ ба манфиатҳои дунявӣ ва сиёсӣ садҳо шахсони осоиштаро бо номи “дин” ба қатл расонида, бо даъвои ботил ба сафи худ шахсони фиребхӯрдаро ҷалб намудаанд.

Дар ҳошияи Конференсияи солонаи Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳон, ки дар шаҳри Қоҳира баргузор гардид, муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз ҳозирин талаб намуд, ки фатвоҳои лозима содир карда, фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро дар саросари олам маҳкум созанд. ТТЭ ҲНИ, ки аз идеологияи ихвониҳои мансуб ба Саид Қутб сарчашма мегирад, бояд дар саросари олам ҳамчун ташкилоти террористӣ шинохта шавад. Ин иқдом бино ба ҷаноятҳоест, ки дар зарфи солҳои охир аз ҷониби ин ҳизб анҷом дода шудааст.

Ӯ ишора намуд, ки ҳодисаи террористии ахир дар Тоҷикистон паҳлӯи дигари мубориза бар зидди терроризмро ошкор намуд, ки доимо дар пасманзари ин тоифаи мардум ташкилотҳои байналмилалӣ ба монанди Эрон меистанд.

Муфтии собиқи сарзаминии Миср, доктор Алӣ Ҷумъа таъкид намуд, ки наҷотёбӣ аз хатари терроризм, ки бар синаи Ислом ҷаҳидааст, танҳо бо роҳи муноқишаҳои низоми фатво дар риштаҳои сиёсию умури кишвардорӣ, омӯзиши омилҳои фатво барои пойдории амну суботи ҷомеа ва пешгирии таъсири фатвоҳои исломи сиёсӣ дар раванди пойдории сулҳ амалӣ мегардад. Ин ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ки бар асоси идеологияҳои барғалат ва бегона таъсис ёфтаанд, мехоҳанд ақидаҳои фалаҷкунандаро дар байни ҷомеа паҳн намоянд. Албатта, ҳадаф аз ин амали онҳо бесарусомонии амнияти кишварҳо буда, барои парокандагии онҳо талош меварзанд. Мехоҳанд кишварҳоро порча – порча тақсим намуда, онҳоро дар ҳоли ҷангу кашмакашиҳои дохилӣ қарор диҳанд.

Ӯ илова намуд, ки муборизаи ниҳодҳои қудратии Миср бар зидди чунин гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ташкилоти “Ихвон -ул-муслимин” айнан ҳамон муборизаест, ки кишварҳои олам аз он ранҷ мебаранд. Махсусан дастпарвардҳои “ихвон-ул-муслимин”, ба монанди ТТЭ ҲНИ, ки шохаи ин ташкилот дар минтақаи Осиёи Миёна ба шумор меравад. Байни ин ду ташкилоти террористӣ ҳамкории зич вуҷуд дошта, дар давраи ҳукмронии ихвониҳо вохӯрии Муҳаммад Мурсӣ бо роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ сурат гирифта буд.

Ҳамзамон Раиси ташкилоти Тобаи шаҳри Абу Дабӣ ал-Ҳабиб Алӣ ал-Ҷафрӣ аз бефаъолиятии соҳаи фатво ва бетаъсирии он ба мардум сабаби фаъолшавии ташкилотҳои тундгаро ба монанди ташкилоти “Ихвонул-муслимин” ва қанотҳои террористии он сухан кард.

Ӯ ҷавонони пайрав аз ҳаракати “ихвон-ул-муслимин”-и мисрӣ ва дигар кишварҳои олам, бахусус дар Тоҷикистонро қурбонии бозиҳои сиёсӣ номид. Аммо ин амал, шахсони фиребхӯрда ва мағрургардидаро ҳеҷ гоҳ аз ҷавобгарӣ озод нахоҳад кард ва зуд ё дер дар назди Худованди таъоло ҳисобот хоҳанд дод. Ӯ илова намуд, ки мо бо саркардагони ташкилотҳои террористӣ дар боби ченаки арзишҳои исломӣ нофаҳмӣ дорем. Онҳо бо даъвои ҷанг “дуруғгӯӣ”-ро барои худ мубоҳ шуморида, зери шиори “ҷанг фиреб аст” бо аҳкоми шариати исломӣ бозӣ мекунанд. Бо ин қоида ТТЭ ҲНИ фаъолияти худро пеш бурда, бо баҳонаи татбиқи шариати исломӣ дар замини Худованд фасодро ҷорӣ менамояд.

Ҳамзамон Вазири кумитаи дини Яман доктор Аҳмад Аттия дар суханронии худ таъкид кард, ки паҳншавии падидаи терроризм аз ҷоҳилӣ сарчашма мегирад. Ӯ илова намуд, ки он фаъолиятҳои террористие, ки аз ҷониби ТТЭ ҲНИ дар вақтҳои ахир содир гардидааст, таъкидгари пофишории ин тоифаи гумроҳгардидагон мебошад, ки аз хориҷи чорчӯби фармудаҳои Қуръони карим ва суннати пок амал намуда, мусалмонҳоро таҳти таҳдиди доимӣ қарор медиҳанд. Д-р Аҳмад Аттия талаб намуд, то як фазои муносибе барои таҷрибаомӯзӣ ва фаъолияти муфтиҳо бояд эҷод намуд, то ба ҳадафи асосӣ, ки таблиғи илм ва пешгирии тундгароӣ мебошад, расид.

Раиси қисми омӯзишҳои стратегии Дабирхонаи муфтиёти Миср Ториқ Абу Ҳашима иброз дошт, ки имрӯзҳо масъалаи фатво яке аз омилҳои муҳимтарини гуфтумони динӣ ба шумор меравад. Ин амал танзимгари асосии умури ҳаёти ҷомеа мегардад. Ӯ таъкид намуд, ки оқибати фатвоҳои бегона хатари воқеъӣ доранд, зеро ин омил сабаби фаъолтар гардидани ташкилотҳои тундгаро мегарданд.

Дабири кулли Шӯрои сарони уламо Доктор Аббос Шумон, сифати ташкилоти “ихвонул-муслимин”-ро “дурӯя” маънидод намуда, иброз дошт, ки ихвониҳо ва ҳаммаслакони осиёгии онҳо – ТТЭ ҲНИ гирифтори касали “дурӯғгӯйӣ” мебошанд. Ва ин падидаи нав барои онҳо набуда, чунин амр ҳамеша наздашон ҳукми мубоҳ дошт. Вале навгонӣ дар ин масъала, марҳилаи беморӣ бо касали “дурӯғ” аст. Д-р А. Шумон ба пайравони ихвониҳо пайғоми худро фиристода таъкид намуд, ки агар онҳо дурӯғро барои худ мубоҳ шуморанд, дар ин масъалаи хеш озоданд, вале ба онҳо хитоб намуд, то аз Муассисаи Азҳари шариф дур бошанд. Бо ишора ба М.Мурсӣ, таъкид намуд, ки онҳо вақти дар сари қудрат қарор доштан ноком буданд, пас чи гуна баъди аз даст додани давлат гӯё муваффақ мегарданд.

Доктор Маҷдӣ Ошур, мушовири академии муфтии Миср иброз намуд, ки тамоми ташкилотҳои экстримистӣ, ба монанди ТТЭ ҲНИ ва дигар ҳаммаслакони онҳо, ки аз ҷомаи “ихвонул-муслимин” берун омадаанд, бо тангназарӣ ва мухолифаташон аз навовариҳои аср шуҳрат пайдо намудаанд. Онҳо амалҳои ғайриоддӣ ва гунаҳкоронаи худро ҳамчун “Боби иҷтиҳод” мепиндоранд, бо вуҷуди он ки ҳамаи он кардаҳо аз чорчӯби шариат берун ҳастанд. Барои асоснок намудани амалҳои пайравони худ, аз қабили куштору ғорату дуздӣ бо номи Ислом фатвоҳои бегона содир мекунанд.

Ҳамчунин шайх Абдулатиф Дарён, муфтии Ҷумҳурии Лубнон таъкид намуд, ки манфиатгари асосии ҳолати бетартибии судури фатво аз ноаҳлон, танҳо ташкилотҳои террористӣ ва дар сархати онҳо ташкилоти “ихвонул-муслимин” ва пайравони он мебошанд. Ӯ дар изҳороти худ таъкид намуд, ки амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ – қаноти осиёгии ихвонул-муслимин ба амалҳои “Хавориҷ”-и гумроҳ монанд мебошанд. Зикр намудан лозим аст, ки “Хавориҷ” тафсири гуфтаҳои Қуръонро нодуруст фаҳмида, принсипи зӯровариро барои расидан ба манфиатҳои дунё истифода менамояд. Ӯ таъкид дошт, ки мо бояд амалҳои онҳоро маҳкум сохта, дар паҳлуи шахсоне ки бо идеологияи тундгароии онҳо мубориза мебаранд, қарор гирем.

Дабири кулли Академияи тадқиқоти исломӣ — доктор Муҳиддин Афифӣ дар рафти суханронии худ таъкид намуд, ки ташкилотҳои террористии дар атрофи “дин” ҷамъгардида сабаби носуботии ҷомеаҳо мебошанд. Зеро онҳо ба решаи сулҳу суботи ҷомеаҳо латма мезананд. Онҳо бо даъвои “ҷиҳод” даст ба куштору суиқасду таркишу авбошӣ мезананд. Вале фарқ байни “ҷиҳод” ва “терроризм” равшан буда, амалҳои хушунатомези бимдиҳандаро ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҷиҳоди исломии шаръӣ нисбат додан мумкин нест.

Д-р М. Афифӣ ишора намуд, ки донишмандони Азҳари шариф таъкид намуданд, ки ҷиноятҳои террористии ТТЭ ҲНИ, “ДОИШ”, ал-Қоида ва дигар ташкилотҳои террористӣ зидди арзишҳои волои ҳаёт, ки Қуръони карим онҳоро зикр намудааст, мебошанд. Ислом бо идеологияи сулҳпарвару сулҳхоҳи худ танҳо барои паҳн намудани раҳмату амну субот омадааст. Давоми суханронии худ доктор Муҳиддин Афифӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ ва маблағгузори онро душмани инсонияту башарият хонд.

Бознашр аз http://mit.tj

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-10-2018, 14:10:37 | Диданд: 831