ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10676]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6473]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6387]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5324]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4762]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4617]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4616]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4588]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4215]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Кабирӣ мухолиф не, хоин аст
3. НОМУСБОХТА
4. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Кабирии Хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
6. Оқибатҳои фоҷиабори терроризм
7. Ман амали бадахлоқонаи гурӯҳи террористиро дар марзи Тоҷкистону Афғонистон қотеона маҳкум менамоям,
8. АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА ҶОНФИДОИҲОИ СОҲИБВАТАНОН.
9. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Омор
- Хабархо: 2454
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 102661
Ҳафт огоҳии мақомот ба ҳафт "саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ" дар ВМКБ
Нисбати 7 сокини шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон, ки аз онҳо саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ ном бурда мешавад, протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуда, огоҳӣ дода шудааст
ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят "саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро ба Прократураи вилоят даъват карда ба онҳо огоҳии расмӣ дода шуд" ,хабар медиҳад агентии "Ховар".
Нисбати 7 сокини шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон, ки аз онҳо саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ ном бурда мешавад, протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шудааст, ки онҳо имзо гузоштаанд.
Ҳамин тавр, протокол нисбати Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозорович тартиб дода шуда, "аз онҳо қотеъона талаб карда шудааст, ки ба амалҳои ҷинояткорона қатъан хотима бахшанд. Махсусан минбаъд ба содир намудани ҷиноятҳои зерин роҳ надиҳанд:
— ташкилу роҳбарии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ;
— даъват ва ҷалби ҷавонон бо мақсади содир намудани бетартибиҳои оммавӣ, ғасби биною иншооти давлатӣ;
— қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;
— таҳқири намояндаи ҳокимият;
— авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа;
— гузаронидани ҷамъомадҳои афроди ҷиноятпеша (сходка);
— роҳ надодан ба содир кардани ҳаракатҳои ғайриқонунӣ бар зидди амнияти давлату ҷомеа.
Номбурдагон ӯҳдадор шуданд, ки дар сурати риоя накардани талаботҳои дар огоҳии расмӣ зикршуда ва содир намудани кирдорҳои дар боло баёнгардида омодаанд, дар назди қонун бо тамоми қотеъият ҷавоб диҳанд.
Нусхаи протокол дар расонаҳои расмии Тоҷикистон мунташир шудааст.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-10-2018, 19:47:26 | Диданд: 790