Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8843]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5861]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5257]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4705]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4025]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4023]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4009]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4007]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3696]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Э Ъ Л О Н
2. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
3. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
4. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
5. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
6. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
8. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2418
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 55382
«САРБОЗИ ҲАҚИҚАТ» ДАР СУҒД
Дар толори китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд муаррифии китоби тозанашри нависанда ва журналисти шинохта, барандаи ҷоизаи ИЖТ ва Абулқосим Лоҳутӣ, сардабири маҷаллаи илмӣ-оммавии «Душанбе» Садриддин Ҳасанзода баргузор гардид. Дар даҳлези китобхона асарҳои нависандаи хушсалиқа Садриддин Ҳасанзода ва дигар осори адибони тоҷик ба маъраз гузошта шуда буданд.
Дар маҳфил аҳли адаби вилоят, аз ҷумла раиси шуъбаи дар Суғдбудаи ИНТ, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзода, кормандони соҳаи фарҳанг ва мухлисони зиёди каломи бадеъ, собиқадорони сохтори БДА, ВКД-Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолибони озмуни дӯстдорони каломи бадеъ ширкат варзиданд. Маҳфилро директори китобхона Абдусаттор Маллаев ҳусни огоз бахшида, дар боби шарҳи ҳолу муҳтавои қиссаву очеркҳои нависандаи сермаҳсул, қаламкаши заҳматкаш Садриддин Ҳасанзода суханронӣ кард. Баъд сардори ШБД, РКД-и вилоят подполковнинки милиса Рустам Мирзомуродов, сардори Раёсати нигоҳдории хоҷагии роҳҳои вилоят Ҳоҷарахон Латифова, адибони шинохта Муҳиддин Хоҷаев, Валиҷон Акбарӣ, китобдорон Раъно Иброҳимова, Мавзуна Ҳамроҳбоева, Марҳабо Раҷабова, Дилрабо Собирова, Мастура Умарова вобаста ба асари тозанашри нависанда, маҳорат, услуби хоси эҷодии ӯ суханронӣ карданд. Зикр гардид, ки дар қиссаи мустанади тозанашри давр мисоли рӯзгори подполковники мустаъфии миллитсия собиқ сардор БДА-и РКД-и вилояти Қурғонтеппа, директори кулли корпоратсияи мусофирбарӣ, раиси асосиатсияи нақлиёти Тоҷикистон Сафаралӣ Гулов нависанда саҳифаҳои норушани саҳми кормандони БДА-ро дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар солҳои навадуми асри гузашта ва минбаъд баррасӣ намудааст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки нависандаи нуктасанҷ тавассути қиссаҳои ҷолиби таърихию бадеияш «Кабки рав», «Эҳёи Када», «Дарёи нур», «Ашки қалам», «Чароғи Лола», «Пуштаи зардолуҳо» ва чун журналисти муваффақи телевизиони Тоҷикистон бо филмҳои мустанади таърихиаш кайҳо дар қалби мухлисонаш ҷойгузин гаштааст. Бархе аз ин филмномаҳо ба ёдгориҳои таърихию табиии сарзамини куҳанбунёди Суғд, мардони ҷасури он бахшида шудааст. Қиссаи нави «Сарбози ҳақиқат» ифодаи ормону заҳматҳои нависанда дар раванди тарбияи насли навраси кишвар дар руҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, эҳтирому ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ, азму талошҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободии кишвар мебошад.
Хотири аҳли нишастро ширкату ҳунарнамоии санъаткорони машҳури вилоят, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии нозирони навраси ҳаракати мактабҳои вилояти мазкур, ки хеле пурмутаво ва хотирмон буд, шод карданд.
Илова кард: Бобоев Ахмад | Илова шуд: 2015-10-09 | Диданд: 1032