МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ИТТИЛОИЯ

ИТТИЛОИЯ

Дар бораи Иҷлосияи 111-юми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати У-ум.

28-уми сентябри соли 2015 Иҷлосияи 111-юми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати У-ум баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, мақомоти маъмурӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.

Иҷлосия масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор дод:

1. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳия Восеъ аз 17.09.2012, № 550 оид ба қарорҳои раиси вилояти Хатлон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  тасдиқи барномаи рушди  соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015» дар ноҳия.

2. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи замин, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист.

3. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ аз ҳавзаи интихоботии «№ 24.

4. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ аз ҳавзаи интихоботии №27 ва ҳавзаи интихоботии №38 ва таъин намудани интихобот ба ҷои вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии №27 ва №38.

5. Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия.

6. Тасдиқи амру фармонҳои раиси ноҳия дар бораи ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод намудани  роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии Ҳокимияти давлатӣ.

7. Дар бораи номгузорӣ намудани литсейи касбӣ-техникии ноҳия ва кӯчаи ба номи Пушкини Шаҳраки Восеъ.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома муовини раиси ноҳия Лола Ғуломова баромад намуд. Дар муҳокимаи масъала сардухтури беморхонаи марказии ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии №12 Б. Тағоев, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ, вакил аз ҳавзаи интихоботии №9 Рӯзигул Қурбонова, раиси иттифоқи касабаи маорифи ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии №26 Ҳикматулло Ҳамидов ва раиси ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев вакил аз ҳавзаи интихоботии №15 Маҳмадхон Орифов иштирок намуданд.

Иҷлосия ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Шамсиддин Абдураззоқовро оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи замин, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист, ҳамчунин ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ Самад Зарифовро аз ҳавзаи интихоботии №24 шунид.

Иҷлосия ваколати вакилони ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои 27 ва 38-ро пеш аз муҳлат қатъ намуда, интихоботи навбатиро дар ин ҳавзаҳо рӯзи 29 ноябри соли 2015 таъин намуд.

Вакилон қарорҳои Раиси ноҳияро дар бораи  амру фармонҳои ба вазифа таъин намудану аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ намуданд.

Бо дастгирии вакилон Иҷлосия Литсейи касбии техникии ноҳияро ба номи шодравон Рустам Амакиев ва кӯчаи ба номи Пушкини шаҳраки Восеъро ба номи Саттор Ҷумъаев номгузорӣ намуд.

Иҷлосия аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул кард.

Дар кори Иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини Раёсати тандурустии вилоят М. Миралиев иштирок  ва баромад намуд.

 

Ба ифтихори рӯзи муаллимон

ҚАДРИ ОМӮЗГОР

Ҳаққи устод аз падар беш аз,

В-аз падар устод дар пеш аст.

 

Рисолати омӯзгор сохтану дунёи маърифатро обод кардан аст. Муаллим чун боғбонест, ки навниҳолони боғи зиндагиро бо меҳру муҳаббат мепарварад. Шахсияти омӯзгор ба хонанда, падару модар, аҳли ҷомеа таъсири бузург дорад ва хушбахтона, барои беҳтар гардидани соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми муаллим аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бо сардории фарзанди фарзонаи милат ғамхориҳои зиёде зоҳир мешавад.

   Сарвари хирадманду оқили милат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар фикри он аст, ки чи гуна вазъи иқтисодии кормандони соҳаи маорифро беҳтару хубтар гардонад,

Воқеан, устод, муаллим барои ҳар як шахс азиз ва муътабар аст. Қадри устод аз падар зиёдтар аст. Агар падар моро хӯрондаю пӯшонида, калон карда бошад, пас муаллим моро илму дониш омӯхта, ба зиндагии хушбахтона раҳнамоӣ мекунад. Устод шабу рӯз дар фикри он аст, ки шогирдонашро аз дарёи илму маърифат бештар баҳравар гардонад, то онҳо оянда хушбахту осуда зиндагӣ кунанд.

Муаллим! … Ин калима барои ҳама азизу муқаддас аст ва ҳар яки мо онро бо оҳанги махсус ба забон меорем. Муаллим ба ҳар гуна эҳтирому қадрдонӣ меарзад. Зеро ҳар кадоми мо хондану навиштан ва одоби рафтору гуфторро аз муаллим омӯхтаем. Дар «Чаҳоркитоб» устоди илмро дар қатори падару модар, устоди касб, пири мушфиқ номидаанд. Дар ҳақиқат дар роҳи омӯхтану илму дониш мақоми муаллим, устод, омӯзгор бузург аст.

Ҳамкасбони муҳтарам имсол рӯзи муаллимон дар фазои ифтихормандӣ аз ҷашнҳои бузурги 24 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатӣ, ки тантанаи сулҳу истиқлол ва хештаншиносӣ мебошанд, таҷлил мегарданд. Ин муваффақият бори дигар аз бузургии муаллим, қалбу нияти пок ва фарҳанги волояш гувоҳӣ медиҳад.

Ба ин Рӯзи сайид ҳамаи Шумоёнро муборакбод намуда, саломатии бардавом, умри дароз, дар корҳои омӯзгориатон комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.

 

Ҳавасхон НИМАТОВ,

омӯзгори МТМУ № 53,

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Илова кард: Бобоев Ахмад | Илова шуд: 2015-10-10 | Диданд: 1644