МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ҲИФЗИ САЛОМАТӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД

ҲИФЗИ САЛОМАТӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД

(Аз баромади муовини раиси ноҳия Лола Ғуломова дар Иҷлосияи 111-юми Маҷлиси Вакилони халқи ноҳия даъвати У-ум)

 

        Рушди соҳаи тандурустӣ яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим аст, ки дар маркази диққат қарор дорад. Беҳуда нест, ки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтааш пайваста иброз медорад, ки «Солимии ҷомеа, солимии давлат мебошад» ва соҳаи тандурустиро яке аз соҳаҳои афзалиятноки давлату ҳукумат шуморида, дар ҷойи аввал гузоштаааст. Аз ин рӯ ба касе пӯшида нест, ки тақдири имрӯзу фардои миллату давлат дар дасти ҷомеаи солим аст.

Бо назардошти аҳамияти аввалиндараҷа доштани ин соҳаи ҳаётан муҳим бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, №202 “Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015” қабул гардид ва рафти иҷрои он дар Иҷлосияи имрӯза муҳокима мегардад.

Бо мақсади рушд ва устувор намудани заминаҳои моддию техникии соҳаи тандурустӣ, дар ҳошияи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30.04.2012, №202, қарори раиси вилояти Хатлон аз 30.07.2012, №178 ва қарори раиси ноҳияи Восеъ аз 17.09.2012, №550 “Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015” ба тавсиб расидааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ дар ҳамбастагӣ бо масъулини соҳаи тандурустии ноҳия баҳри иҷрои Барномаи болозикр ва беҳтар намудани заминаи моддиву техникӣ, пешгирӣ, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, ташхис ва муолиҷа дар ноҳия корҳои муайянеро дар ин самт ба сомон расонид.

Аз ҳисоби маблағҳои умумии барои хариди таҷҳизот ва таъмиру сохтмони муассисаҳои тандурустии ноҳия аз ҷумла, дар давраи тадбиқи Барнома бо ҷалби тамоми манбаҳо 5726853 сомонӣ, ки аз ин 400610 сомонӣ маблағҳои буҷаи маҳаллӣ, 5034000 сомонӣ маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳрии Тоҷикистон, 292243 сомонӣ маблағҳои ташкилотҳои хориҷӣ ва 52000 сомонӣ аз ҳисоби дигар манбаҳо маблағгузорӣ гардидааст.

Баъди қабули қарори мазкур дар ҳудуди ноҳия як қатор бино ва иншоотҳои тиббӣ сохта ба истифода дода шуд.

Аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ сохта, ба истифода додани беморхонаи №5 барои 20 кат дар деҳаи Охҷари ҷамоати деҳоти ба номи М. Маҳмадалиев бо маблағи 4650000 сомонӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда ва зимни ифтитоҳ аз ҷониби Сарвари давлат ба ин беморхона 2 адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ тақдим гардид, ки айни замон дар ҳолати хуби корӣ дар хизмати аҳолӣ қарор доранд.

Ҳамзамон беморхонаи марказии ноҳия дар соли 2013 бо маблағгузории Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 174000 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ дар давраи татбиқи Барнома ба маблағи 319760 сомонӣ  аз таъмир бароварда шуда, бо маблағи 23000 сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ харидорӣ гардида ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ саҳни беморхона мумфарш карда шуд.

Инчунин аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ дар ҳаҷми 14900 сомонӣ беморхонаи №4 ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабов ва муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дар соли 2014 аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ дар ҳаҷми 31750 сомонӣ аз таъмир бароварда шуд.

Дар ин радиф қайд бояд намуд, ки бо қабул гардидани “Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015” ва “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015” маркази бемориҳои зиди сили ноҳия бо маблағи 11200 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ таъмир гардида,  ва аз ҳисоби ташкилоти байналмилалии ХОУП таҷҳизоти муосири озмоишии ҶИН ЭКСПРТ барои озмоиши балғам таъмин гардид, ки дар минтақа ҳамто надорад.

Аз ҳисоби маблағҳои Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 дар ҳаҷми 210000  сомонӣ дар деҳаҳои Охҷар, Заркамар ва Туғайи ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев маркази  саломатӣ сохта, ба истифода дода шуд. 

Маврид ба зикр аст, ки бо ҷалби маблағҳои хориҷӣ марказҳои саломатии деҳаҳои Файзобод, Ғелот, Гулобод, Пушёни миёна, Чорбоғ, Ҷавонӣ, Заркорон, Навбаҳор, Саъдуллои Шариф, Қурбоншаҳид №2, Шобика ва Навобод ба маблағи 248283 сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, марказҳои саломатии деҳаҳои Файзобод, Ғелот, Гулобод, Пушёни миёна ва Чорбоғ  бо таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 20000  сомонӣ таъмин гардиданд. Инчунин бунгоҳи саломатии деҳаҳои Дарнайчӣ ва Ғалазор бо маблағгузории ташкилотҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 37000 сомонӣ аз таъмир ҷорӣ бароварда шуда, бо маблағи 7960 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда шудаанд.

Дар ин росто қайд бояд намуд, ки баҳри дар амал тадбиқ намудани Барнома дар назар аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беморхонаи замонавӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ  барои 40 кат ва маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи А. Рӯдакӣ сохта ба истифода дода шавад.

Вобаста ба иҷрои “Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015” ва “Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил дар давраи солҳои 2011-2015” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ дар ҳамбастагӣ бо масъулини сохтори госпиталии ноҳия баҳри беҳтар намудани заминаи моддиву техникӣ, пешгирӣ, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории дил дар беморхонаи марказии ноҳия, шуъбаи бемориҳои дил ва асаб, барои 20 кат ба истифода дода шуд, ки дар он 2 духтури дорои маълумоти олӣ ва 14 кормандони миёнаи тибб ба мардум хизмат мерасонанд. Шуъба ба қадри имкон бо лавозимоти муосири тиббӣ таъмин гардидааст ва барои таъмини пурраи он аз тамоми имкониятҳо истифода бурда хоҳад шуд.

Қайд бояд намуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шуъбаи бемориҳои дил 40 нафар беморон бистарӣ ва ба табобат фаро гирифта шуданд, ки бандшавии катҳо 95%, бистаригардонӣ 18,55 ва гардиши катҳо 86% -  ро ташкил медиҳад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 аз 2.12.2008 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» ба мизоҷон ба 106211 сомонӣ хизмати пулакии тиббӣ расонида шуд, ки аз ҳисоби ин маблағҳо 58416 сомонӣ барои пардохти музди меҳнат, 37175 сомонӣ барои харидории маводҳои доруворӣ харҷ гардиданд.

Ҳамзамон маврид ба зикр аст, ки тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушд, пешгирӣ ва табобати бемориҳо, як қатор Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки дар ин радиф қарорҳои раиси ноҳияи Восеъ низ ба тавсиб расидааст.

Баробари муваффақиятҳои соҳа камбудиҳо низ ҷой дорад, ки ин ҳам бошад, норасогии кадрҳои ихтисосманди соҳа, таъмирталаб гардидани бинои асосии беморхонаи марказии ноҳия, бинои муассисаи кӯмаки аввалияи тибию санитарии ноҳия, беморхонаи №2 ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бинои шуъбаи сироятии беморхонаи марказии ноҳия, бинои маркази зидди бемориҳои пӯсту зуҳравии ноҳия, ба таҷизоти тиббӣ ниёз доштани муассисаи кӯмаки аввалияи тибию санитарии ноҳия ва инчунин 2 адад бунгоҳи тиббӣ дар хона ва як адади дигар дар вагон фаъолият доранд, ки масъулон баҳри бартараф намудани ин камбудиҳо чораҳои мушаххасро амалӣ карда истодаанд.

Итминони комил аст, ки баъди баррасии масъалаи мазкур дар соҳаи тандрустии ноҳия дигаргуниҳои мусбӣ ба амал меояд. Вазифаи мо дар он аст, ки мо масъулон бояд тамоми имкониятҳоро истифода бурда, ҷиҳати рушди соҳаи тандурустӣ ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта чораҳо андешида, барои шаҳрвандон шароити мусоидро фароҳам оварем. Мо дар ҳамдастӣ метвонем ба воситаи корҳои фаҳмондадиҳӣ  шаҳрвандон, соҳибкорон ва дигар ашхоси саховатпешаро ба он ҷалб созем, ки маблағҳои хайриявии худро дар рушди соҳаи тандурустии ноҳия истифода бурда, барои беморон шароити хуб фароҳам орем.

 

Ба ифтихори 80 солагии ноҳияи Восеъ

Илова кард: Бобоев Ахмад | Илова шуд: 2015-10-10 | Диданд: 1048