ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9324]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6089]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5798]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4956]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4278]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4258]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4240]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4227]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3890]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 61490
Бадахшон ҳам сарзамини Тоҷикистон аст

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама давру замон сиёсати сулҳҷуёнаро пеш гирифтааст, ки аз ин амали худ доимо дарак медиҳад. Солҳои охир дар кишвари азизи мо чорабиниҳои зиёде доир мегарданд, ки дар он роҳбарони давлатҳои хориҷ иштирок менамоянд. Барои давлати Тоҷикистон амният ва сулҳ муҳим мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолӣ барои вилоят ва ноҳияҳои дурдаст роҳ ва дигар иншоотҳои ниҳоят муҳимро кушод. Доимо барои шаҳрвандон зиндагии арзандаи иҷтимоиро муҳаё месозад. Аммо ҳастанд нотавонбинон ва гуруҳҳои ғаразнок, ки решаашон аз солҳои 90-ум боқи мондааст ба оромии имрӯзаи мардуми мо бо чашми бад менигаранд. Ин зумра одамон бо истифода аз вазъи имрӯза мехоҳанд тарафдороне дошта бошанд. Мақсади Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ороми ва амният дар тамоми қаламрави кишвар мебошад.
Вилояти Бадахшон як қисми биҳиштосоӣ диёри азизи мо буда, барои рушди ин минтақа доимо таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад. Дар навиштани ин матлаб бори дигар таъкид менамоям, ки гурӯҳҳои ғаразнок мақсади ҷангу ҷидолро доранд. Аз гузашта ба мо маълум аст, ки бо баҳонаҳо ва ваъдаҳои бардуруғ анбуҳи одамонро дар Пойтахти кишвар ҷамъ карда сипас низоъ андохтанд. Барои ҳамин мо шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки дар ҳолатҳои ҳасосу тақдирсоз мутаҳид бошему аз ҳама гуна гуруҳҳои бадхоҳ дури ҷуем. Барои мо аз ҳама муҳим зиракии сиёсӣ мебошад.
Шамсов Н-мутахассиси бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-11-2018, 13:19:25 | Диданд: 804