МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ЧАРО ҶАВОНОН БА РОҲИ КАҶ МЕРАВАНД?

ЧАРО ҶАВОНОН БА РОҲИ КАҶ МЕРАВАНД?

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон гардида, мувофиқи конститутсия барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Аз ин ру ҳаллу фасли тадриҷии масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлат аст.

Дар сиёсати иҷтимоии ҳукумат масъалаи ҷавонон ва боло бурдани фарҳанги зисти онҳо мақоми хосе гирифтааст. Ба туфайли ғамхориҳои бевоситаи Сардори давлат низоми хоси ба таҳсил дар дохил ва хориҷ фаро гирифтани ҷавонон ташкил ёфтааст. Чунончӣ ҳамасола аз ҳисоби фонди захиравии Президенти кишвар, инчунин тавассути стипендияи байналмиллалӣ ба хориҷи кишвар садҳо ҷавонон барои таҳсил фиристода мешаванд, вале бо ин ҳама ҳанӯз тарбияи фарогир ва монеъ шудани гароиши ҷавонон ба бархе равияю гуруҳҳои ифротӣ ҳамчун масъалаи доғи рӯз боқӣ мондааст.

Чи тавре мушоҳида мешавад, як зумра ҷавонон дар бештари маврид ба гуруҳҳои гуногуни ифротӣ, ки дар шакли равияҳои мазҳабию ғайримазҳабӣ зуҳур менамоянд, шомил гашта, бо ин ба ҳаёти осудаи мардум халал ворид менамоянд. Иллати асосии пайдоиши чунин падидаи номатлуб дар байни наврасону ҷавонон аз як тараф пастравии ахлоқ дар байни ин гуруҳ  бошад, аз тарафи дигар ноуҳдабароии падару модарро дар тарбияи фарзанд нишон медиҳад.

Ман, ки худ омӯзгор ҳастам мушоҳида мекунам, ки бештари падару модарон  тамоми таваҷҷуҳи худро ба таъмин намудани ниёзҳои моддии фарзандон равона намуда, аз таъмин намудани ниёзҳои маънавию руҳии онҳо ғофил мемонанд. Ҳарчанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, қабул шуда бошад ҳам, ҳанӯз ҳастанд падару модароне, ки нисбати ин қонун беэътиноӣ зоҳир намуда, тарбияи фарзандони худро ба ҷомеа, муассиса ва кӯча мегузоранд.

Бетафовутии насли калонсоли ҷомеа ба тарбияи насли наврас ва мукаммал набудани механизми татбиқи сиёсати иҷтимоӣ дар ҳалли мушкилоти рӯз боис шудааст, ки бархе ҷавонон рӯ ба дидгоҳу андешаҳои хориҷӣ оваранд.  Гузашта аз ин майли зиндагии беҳтару гуворотар, ки ба далели нотавонии дарунӣ миёни ҷавонон пайдо шудааст, рӯз то рӯз гаравиши ҷавононро ба бегонапарастию орзуи кишварҳои бегона зиёд мекунад. Ба таври умум омилҳои зерро метавон ҳамчун заминагузори гуруҳҳои ифротӣ ва ҷиноятпеша дар  байни ҷавонон шуморид:

Ба дараҷаи даркорӣ набудрдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар мавзуи ватандӯстию меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ, рафоқату ҳамкорӣ, хештаншиносӣ, ифтихору ғурури миллӣ ва умуман кори идеологӣ баҳри рушду нумуми Тоҷикистон ва умуман беҳдошти зиндагӣ.

Шумори зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ, ки қисман бо мақсади ғаразнок сафар менамоянд.

Бегонапарстӣ ва ҳамчунин аз шабакаи интернетӣ, аз ҷумла “шабакаҳои иртиҷоӣ” истифода намудани ҷавонон ва аз сустии иродаю кам будани донишҳои замонавӣ ба тарғиботи зараровар гумроҳ шудану гаравидан аз заъфи  иродаи онҳост.

Таърих гувоҳ аст, ки тундгароии ҷавонони ифротӣ дар солҳои навадум аз нофаҳмиву ҳолати эҳсосотии онҳо бар меомад, пас имрӯз низ силсилаи амалҳои солҳои охир шаҳодат медиҳанд, ки тундгароии ҷавонон имрӯз ҳам такя ба идеологияи хориҷӣ, аз ҷумла бештар иртиҷоӣ доранд, ки аз берун хеле хуб роҳандозӣ карда мешаванд.

Коршиносон роҳҳои ҳалли аз ҷинояткорӣ канора ҷустани ҷавононро пеш аз ҳама дар он мебинанд, ки бояд Ҳукумати кишвар барои пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба созмону равияҳои бегонаву зараровар сатҳи донишомӯзӣ ва маърифати мардуму ҷомеаро боло бардорад ва ба мушкилоти онҳо расидагӣ намояд. Инчунин амалӣ ва ташкил намудани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сифати таълим, фаъол гардондани созмонҳои ҷавонон, дуруст ба роҳ мондани касбинтихобкунии наврасону ҷавонон, аз манфиат холӣ нест.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва умуман ҷавонони тоҷик бояд пешоҳанги созандагони  ҷомеаи навин бошанд. Дар ин бобат бояд барномаи давлатии дастгирии созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷавонон дар ҳама самтҳо таҳия ва татбиқ шавад. Зарур аст, ки дар сохтор кумитаи ҷавонон Маркази махсуси омӯзиши аҳвол ва афкори ҷавонон таъсис дода шавад, ки сари ҳар чанд вақт натиҷаи омӯзишро ба сохторҳои дахлдор пешниҳод намояд.

 

Муҳаммад НАИМОВ,

омӯзгори МТМУ № 53 

 

Илова кард: Бобоев Ахмад | Илова шуд: 2015-10-10 | Диданд: 1062