ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9338]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6091]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5800]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4958]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4279]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4259]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4241]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4228]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3891]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 61530
БАДАХШОН САРМАНШАИ СУЛҲУ ОРОМИСТ

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз ҷониби Сарвари давлат ҳамчун дарвозаи тиллоии мамлакат арзёбӣ мегардад, бо мардуми соҳибмаърифату маорифпарвараш шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда, маркази сайёҳӣ дар минтақаи Осиёи Миёна эътироф гардидааст. Бояд имрӯз ҷавонони боистеъдоду баори ин минтақаи таърихӣ барои ҳифзи ин мероси гаронмоя нақши сазовору созанда дошта бошанд. Хушбахтона, боиси сарбаландиву сарфарозии ҳамаи мост, ки дар фурсати начандон тӯлонӣ ҷавонони баору номус ва дар маҷмӯъ мардуми сарбаланди Бадахшон моҳияти сиёсати дурбинонаи Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва осоиштагии мардум фаъолиятҳои назаррас зоҳир карда истодаанд, ки ин албатта, муваффақият ба шумор меравад.
Таъмини амният дар миқёси Кӯҳистони Бадахшон аҳамияти минтақавиву байналмилалӣ ба худ касб кардааст.
Мо - шаҳрвандони шаҳри бостонии Кӯлоб қасамёдкунии саркардаҳои ҷиноии ин вилоят қаноатманд кард ва ин албатта, агар аз як ҷиҳат натиҷаи кори ситоди доимоамалкунандаи байниидоравӣ дониста шавад, аз ҷиҳати дигар хидмати бедареғи худи мардуми Бадахшон ба шумор меравад, ки аз чунин кирдорҳои ноҷавонмардонаи ҷинояткорон дилбазан шуда, дигар намехоҳанд, ки чунин корҳо домани васеъ дошта бошад.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистон буда, дар саргаҳи мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз ҷумла, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, фурӯши силоҳ ва шикастани сарҳад қарор дорад. Аз ин ҷиҳат, оромии ин минтақа оромии мамлакат буда, солимии мардуми он саломатии имрӯзу ояндаи миллат ба ҳисоб меравад.
ВАО итиллоъ доданд ,ки ситоди байниидоравии таъмини амният дар Бадахшон Хурсанд Мазоров - яке аз лидерони ғайрирасмии ин вилоятро масъули тирпарронии шаби 4 ба 5 ноябр дар шаҳри Хоруғ номид ва гуфт, ҳадафи онҳо ноором кардани вазъи Хоруғ ва қатъи фаъолияти посгоҳҳо буд.
Дар натиҷаи тирпарронии фармондеҳи ОМОН генерал-майор Хуршед Муҳаммадзода бо тирҳои резинӣ дар Хоруғ ду сокини маҳаллӣ тир хӯрданд.
Ситоди байниидоравӣ гуфт, як гурӯҳи ҷавонон бо роҳнамоии Хурсанд Мазоров мехостанд ба фаъолияти посгоҳҳо монеа эҷод кунанд ва сардори посгоҳҳо маҷбур шудааст даст ба силоҳ барад.
Эй вой, ба он нафарони кӯрнамаке, ки бо мақсади ноором намудани ҷомеа ва ба таҳлука афтонидани мардум тиркушоӣ менамоянду осудагиву оромиши давлати азизамонро халалдор месозанд. Ростӣ, баробари мутолиаи мақолаи “Хурсанд Мазоров ба роҳбарии ҳодисаҳои Хоруғ айбдор шуд” дар сувари хаёам носозгориҳои солҳои 1992 - 1995, ки банда сафарҳои хизмати будаму дар шаҳри Душанбе зиндагӣ доштам, ҷилвапардозӣ намуданд.
Ин гуна разилон магар дарк намекунанд, ки як садои тири бемаънии онҳо осудагии ҳазорон нафар мардуми бегуноҳро барбод медиҳаду оромии халқро аз байн мебарад. Эй бародарон, умри инсон чанд сол аст, ки боз ба ҳамдигар кинаву адоват ва бухлу ҳасад меварзем?
Мо бояд шукргузор бошем, ки соҳиби Ватани азиз, хонаву дари обод ва сарзамини биҳиштосо ҳастему Худованд бароямон Сарвари оқил эҳдо намудааст, ки ин неъматҳоро аксари ҷаҳониён орзу менамоянд. Дар хоки аҷдодии мо падарону бобоёни азизамон мадфан гардидаанду намегузорем, ки рӯҳи поки онҳо ноором гардад.
Шахсан ман ба мардуми заҳматқарину меҳнаткаши Бадахшони бостонӣ, ки қалби бениҳоят шаффоф доранд, эътимоди зиёд дошта, таманнои онро дорам, ки дар ин сарзамини ганҷхез ба ҷуз садои марғуладори лаъли Бадахшону овози дастпонаҳои модарону хоҳаракони бадахшӣ, замзамаи тифлакони ширинзабону нозпарвари ин сарзамини биҳиштосо дигар садое баланд нагардад.
Ё ба қавли Лоиқи зиндаёд:
Чу мо фарзанди кӯҳҳои баландем,
Ба мо пастӣ намезебад бародар!
Шарифхон Тиллоев-рeзноманигор
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-11-2018, 14:10:11 | Диданд: 790