МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ДАР РОҲИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДӢ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ БЕТАФОВУТ НАБОШЕМ

ДАР РОҲИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДӢ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ БЕТАФОВУТ НАБОШЕМ

Дар Шарқи Наздик ба мисоли амалҳои ғайриинсонии ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротӣ чун “ДИИШ”, “Толибон”, “Ал-қоида” ва “Ҳизб-ут-таҳрир”, ТЭТ “ҲНИ”-ро ба мушоҳида гирифтан мумкин аст, ки онҳо мехоҳанд дар тамоми дунё нақшаҳои зиддибашарии худро пиёда намоянд. На Амрико аз ҳамлаҳои террористӣ эмин асту на Аврупо ё Чину Русия. Чӣ тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: -“дар соли гузашта зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси аниқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад. Дар замони муосир бояд кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб ҳамгироии созандаро роҳандозӣ намоянд.

Аммо бархе аз давлатҳо бо корбарӣ аз сиёсатҳои дугона дар мавриди терроризму экстремизм баръакс мехоҳанд ба паҳн шудани ғоя ва ақидаҳои тафриқаангез ва харобиовар мусоидат намоянд ва ба ин ҳадаф гурӯҳҳои тундрав ва террористиву ифротиро ба таври пинҳону ошкоро пуштибонӣ мекунанд. Далели ин, аз ҷониби бархе аз давлатҳои бо ном «исломӣ» ва ба ном «демократӣ» дастгирӣ ёфтани фирориёни ҳизби террористӣ-экстремистии мамнуъшудаи ТЭТ ҲНИ метавон ёдовар шуд. Набояд фаромӯш кард, ки новобаста аз ҳар навъи зуҳур ёфтан, терроризм барои одамият як бадбахтӣ аст ва дар сафҳаҳои таърих натанҳо номи террористон, балки кулли ҳомиёни онҳо, ҳатто тарафдоронашон низ ба бадӣ ва разолат ёдоварӣ хоҳад гардид.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва вусъат пайдо кардани домони фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ кишваре рушду тавсия меёбад, ки барои пешгирӣ ва муқобилият ба ин зуҳуроти номатлуб иқдомоти муассир роҳандозӣ намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар дар бораи мубориза барзидди терроризм ва экстремизм» қабул шудааст, ки барои ҳифзи арзишҳои давлат ва таъмини  амнияти аҳолӣ мусоҳидат менамояд. Ҳамзамон, дар соли 2016 дар кишвар «Барномаи стратегии мубориза бо терроризм барои солҳои 2016-2020» қабул гардид, ки барои пешгирӣ  аз ин таҳдид мусоидат менамояд. Дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки: -«Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷаҳон ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Сарвари хирадманди давлати тоҷикон бори дигар кулли сокинонро ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бо терроризму ифротгароӣ натанҳо муқобилият нишон диҳанд, балки зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон баранду афроди новоқифро аз хатароти онҳо огоҳ намоянд.

Ҷумабек Наботов,

Сармутахассиси Кумита

Бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/1189

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 13-11-2018, 12:30:50 | Диданд: 678