ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10805]
2. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6547]
3. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6526]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5412]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4825]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4684]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4671]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4662]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4272]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. ҲАРГИЗАМ НАҚШИ ТУ АЗ ЛАВҲИ ДИЛУ ҶОН НАРАВАД
3. АРТИШӢ МИЛЛИ-КАФИЛИ АМНИЯТ ВА ПОЯИ СУБОТИ ДАВЛАТ.
4. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Кабирӣ мухолиф не, хоин аст
9. НОМУСБОХТА
10. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Омор
- Хабархо: 2460
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 107976
ПЛЕНУМИ ШУРОИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ
Чанде пеш пленуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия баргузор гардид, ки дар он аъзоёни Шӯро, Раиси ноҳия Мусо Ғафурзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб Мирзо Бекматов, роҳбарони баъзе корхонаю муассисаҳо, намояндаҳои васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Пленум фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияро дар давраи ҳисоботӣ мавриди муҳокима қарор дод.
Дар ҷаласа раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Қурбон Сафаров оид ба фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия тайи давраи ҳисоботӣ маърӯза кард. Сипас, аз рӯи маърӯза рафиқон Абдураззоқ Сафаров- котиби кумитаи ноҳиявии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Бобохон Заробов-раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов, Бойназар Тағоев-сардухтури беморхонаи маркази ноҳия, Қосим Ғаниев-раиси Шӯрои собиқадорони ҷанговарони башардӯсти ноҳия, Мирзо Бекматов-раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб, Мусо Ғафурзода-раиси ноҳия баромад намуда, оиди саҳми собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия дар пешрафту рушди ноҳия, тарбияи ҷавонон ва насли наврас, роҳнамоии онҳо баҳри мехнати пурмаҳсул ба нафъи ҷамъият, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, росткорию ростқавлӣ, инсондӯстӣ сухан ронданд.
Пленум ба ҳайати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат тағйирот ворид намуда, ба ҷои аъзоёни хориҷшуда нафарони дигарро ба аъзогии Шӯро қабул намуд.
Пленум аз рӯи маърӯза ва баромадҳо қарори дахлдор қабул кард.
Илова кард: Мирзоев С | Илова шуд: 2015-12-11 | Диданд: 1097