МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2015

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию  иқтисодии  ноҳия дар  соли 2015

Дар маркази ноҳияи Восеъ бо иштироки сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои Дастгоҳи раис ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва фаъолони ноҳия маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию  иқтисодии  ноҳияи Восеъ дар  соли 2015 баргузор гардид.

Кори маҷлисро Ғафурзода Мусо Зариф раиси ноҳияи Восеъ оғоз намуда барои маърӯза намудан суханро ба Султонов Сабур муовини раиси ноҳия дод.

Султонов Сабур муовини раиси ноҳия бо таҳлилу баррасии фаъолияти  ҳамаи соҳаҳои ноҳия дар соли 2015 ҳисобот дода қайд намуд, ки дар давраи сипаришуда, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 103,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 24 миллиону 64 ҳазору 31  сомонӣ ворид шуд, ки нисбати нақша 3,9 фоиз ва ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 155 ҳазору 741 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 16398 гектар ғалладона ва лубиёгиҳо, 8748 гектар зироатҳои техникӣ аз ҷумла 7974 гектар пахта, 1463,2 гектар сабзавот, 457,2 гектар полезӣ, 470 гектар картошка, ва 383,5 гектар зироатҳои хўроки чорво кишт карда шуд.      Дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 651 миллиону 106,8 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки 29,7 фоизи онро бахши чорводорӣ ва 70,3 фоизашро бахши растанипарварварӣ  ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8639,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 65,9 фоиз, хоҷагиҳои деҳқонӣ 27,8 фоиз ва хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 6,3 фоизро ташкил медиҳад.                                

Инчунин қайд гардид, ки дар  соли 2015 хоҷагидорони соҳаи кишоварзии ноҳия 12009 тонна пахта, 62387,6 тонна ғалладонагӣ бо ҷуворимаккаи дон, 517,2 тонна зағир, 47630,6 тонна сабзавот, 9980,7 тонна картошка, полезиҳо 25187,5 тонна, 3989,5 тонна меваҷот якҷоя бо ситрусӣ, 6680 тонна ангур ва 26998,8 тонна зироатҳои хўроки чорво истеҳсол намуданд.  

Вобаста ба самти саноат қайд гардид, ки корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ дар соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар ноҳия ба 73 миллиону 482,8 ҳазор сомонӣ (106,8%) расонидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 652,5 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра дар ноҳия 400 тонна маҳсулотҳои гўштӣ, 18220,5 тонна орд, 645 тонна равған, 3802 тонна кунҷора, 12785 тонна намак, 1113,9 тонна нон ва маҳсулотҳои нонӣ, 212,3 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 12080 дал оби ҷав, 2793,2 тонна нахи пахта, 4663 ҳазор дона хишти хом, 587,4 ҳазор дона хишти сементӣ, 4566 метри мукааб шағал ва 1336 метри мукааб қум истеҳсол карда шудааст.

Дар фарҷоми маҷлис масъулони дахлдори соҳа мавриди пурсиш қарор гирифта оид ба ислоҳи камбудиҳо ва беҳтар намудани фаъолияти кори дастуру супоришҳо гирифтанд.  

 

Илова кард: Мирзоев С | Илова шуд: 2016-01-09 | Диданд: 922