МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ба мақсадҳои нопоки худ нахоҳед расид!

Ба мақсадҳои нопоки худ нахоҳед расид!

Эй хоинони ватан эй шахсоне, ки озоди мугўеду, вале ҷаҳони муосирро ба таҳавулот  афтондаед. Инро фаромуш насозед, ки ин фасотии шуморо мардуми тоҷику Тоҷикистони алакай дарк кардааст ва чунин гирди ҳамоиҳои бардуруғи шумо ки танҳо барои ситонидани қарзи пешинаи хоҷагони худ ва ба гарав гирифтани фарзандонатон маҷбуред иҷро намоед. Фитнаҳои ғаразноки бадхоҳонаи шумо курнамаконро мардуми  ҷаҳон медонад, ки шумо хоинони миллат ҳастед. Террорист ҳастед террорист на ватандораду на миллат ва на мазҳаб шарм доред эй бадхоҳони миллат, номи пуршарафи тоҷик ва Тоҷикистон ро доғдор накунед сақаи номи ҷавонї ва тоҷик буданатон шавед чашматон кур бод бадхоҳони Ватан.

         Неъруҳои ғайриконститутсионие, ки дар солҳои 90-уми қарни гузашта вазъияти кишварро нотинҷ карда буданд, ин гулгулшукуфоиҳову сарсабзиву хурамии кишвари биҳиштосоямонро дида наметавонанд ва ҳар гуна хурофотҳову суханони нопоки худро бо роҳи сомонаҳои иҷтимої паҳн карда, ғояҳои ифротии худро ташвиқ мекунанд. Ва худро зулмдидаву бечора баён месозанд.

         Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки ин ҳаёти осоиштае, ки баъди сардиҳои дуру дароз Худованд бо ташабусҳои наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба мо ато намудааст то абад ҷовидони хоҳад монд.

         Шумо аблаҳони бадсиришт бояд яқин донед, ки ҳаргиз ба мақсадҳои нопокатон нахоҳед расид, зеро мо ҷавонон медонем, ки шумо ҳамон ашхосе ҳастед, ки бар сари мардуми тоҷик зулму озори зиёде овардаед. Мо ҷавонон ҳамеша дастгири сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ҳастем, будем ва то абад хоҳем монд. Шумо ҳаргиз фаромуш накунед, ки ҳар он кас муҳаббати диёру ватан ва мардумони диёри худро фаромуш кунад, кўрнамак аст.

 

Неъматзода Ф-мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-12-2018, 14:02:53 | Диданд: 454