МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Боз як иғвои дигар

Боз як иғвои дигар

Боз як иғвои дигар

Ҳизбиёни назҳати исломи ба ҷои он, ки аз пайравию комёбиҳои ин миллати соҳибтамуддун табли шодӣ зада шукрона намояд. Боз ба иғвоҳои нав ба наве даст мезананд, ки дар он хоҷагони хориҷияшон даст доранд. Агар ҳар фарди солимфикр ба пешравии соҳаҳои кишвари тоҷик ба дидаи этибор нигарад мебинад, ки ин мардум зери сиёсати  хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба  комёбиҳо ноил шуд. 16- ноябр ба кор даромадани чархаи аввали НОБ “Роғун” бо иқтидори 600 мегават боз як комёбии азими кишвар дар соҳаи рушди саноат дар оянда аст. шумо ба ном дӯстдорони миллат дар ғами ҷони хешед, боз ба бозии  сиёсии навине даст мезанед, ки то хоҷагонатон ба шумо табассуме намояд. Инсон бояд дар зиндагӣ мустаҳкам бошаду ба амали хайре даст занад, ки аз он касе фоида бинад. Дар ин ҷода шумо баҳри ободии Ватан чи хизмат намудаед, ба ҷузъ моҷароандозиҳою тафриқаандозӣ. Хизмати шумо он буд, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дини нобу беолосии исломро ба гуруҳҳо ҷудо намуда писарро ба муқобили падар ба сангар кашидед. Ҷумҳурии тозаистиқлоли моро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашидед. Оқибаташ он шуд, ки ҳазорон ҳазор нафар мардум хонаю дари ободи хешро монда ру ба кишварҳое чун Афғонистон, Россияю Узбекистон ва дигарҳо оварданд. Дар як муддати кӯтоҳ дар ин кишвари ҷангзада қабристони гурезагони тоҷик пайдо шуд, ки барои ҳар як фарди ватандӯст басо сангин аст. Ин аст як хизмати бадкирдоронаи шумо дар ҳаққи миллат.

      Аз кишварҳои хеш шарманда, шояд аз тарси ҷон ҳам бошад рӯ ба хориҷ оварда кайҳо боз вақти расида буд, ки назди ин миллати шариф аз кирдорҳои пасти худ бахшоиш мехостед, аммо ба ин  ба шумо имкон намедиҳанд.  Гирдиамоии шумо дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Олмон боз як иғвои навиниест баҳри бадномсозии ин сарзамини биҳиштосои мо.

Аммо дар хотир дошта бошед, ки шаҳрвандони Тоҷикистон  дигар мардуми солҳои 90-уми асри гузашта нестанд, онҳо чи будани Ватану ватандориро ба хуби дарк карданду онҳоро касе ба нағмабозиҳои худ фирефта наметавонад.

      Пешравии мо ба чашмони шумо чу хор мехалад, аммо чи ҷойи гила Худованд ҳамеша ба ростону бунёдкорон аст. Мо тоҷикон бунёдкорем. Моро ояндаи дурахшоне дар пеш аст.

Зоиров И-корманди шуъбаи маорифи ноҳия

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-12-2018, 13:22:57 | Диданд: 488