ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10611]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6449]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6315]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5288]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4723]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4592]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4575]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4561]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4182]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. ХУРШЕДИ МУЛКПАРВАРУ СУЛТОНИ ДОДГАР
3. МАРДЕ ШОИСТА ВА ЗИЁИЕ ИСТИСНОӢ, Ё ДОСТОНИ ҒАМУ ШОДӢ
4. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. ВОКУНИШ
6. ТЕРРОРИРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ БАРЗУРГИ АСР, ОМИЛИ НОАМНИЮ НОСУБОТИСТ
Омор
- Хабархо: 2446
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 90521
Додоҷон намоде аз қаҳрамонӣ
«Ногуфтаҳо» - и Додоҷони Атовуллоро, ки дар саҳифаи фейсбукияш ба табъ расидаву аз ғавғои сагонаи гумроҳони наҳзатӣ ба сутӯҳ омада, ононро ба баҳси мардонаи онлайнӣ хондааст, метавон ҳамчун боз як мушти обдоре ба даҳони бефаровези гурӯҳе аз ватанфурӯшону хиёнатпешагони миллату давлати Тоҷикистон талаққӣ дод, ки ҳамчун шағолони даштӣ бо сояи худ низ пархош мекунанд. Танҳо ҳамин ҷумла: “Бо Кабирӣ пайвастан хиёнат ба озодӣ, хиёнат ба мубориза, хиёнат ба миллат аст!!!” гуфтани ӯ худ аллакай ба таври рӯшод тинати патуразилонаи ин нотавонбинон ва думравони ӯро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун оина равшан менамояд. Ҳарчанд ҷомеаи солими Тоҷикистон ва ҳар фарди соҳибдилу соҳибхиради сайёра кайҳост ба хубӣ дарк карда, ки аз ин нобакорон ва хиёнатпешагони наҳзатӣ ба ҳеҷ ваҷҳ дар ду дунё ҳам хубие намебарояд. Вале ҳамин табиати бадгавҳарияшон оромашон намегузорад, хӯю хислати бо хун ба шарёнашон омадаро аз худ бадар созанд. Чаро ки ҳарчӣ бо хун омадааст, бо ҷон меравад. Бо вуҷуди ин ки сагҳои наҳзатӣ хуб медонанд, онҳоро сафиру вазири давлате як сӯ истад, ҳатто хешу ақрабояшон аз онҳо ҳазар доранду эътироф ва эҳтиромашон намекунанд, вале аз ҷакидан намемонанду аз худ фаришта месозанд.
Ва ин нуктаро низ Додоҷон Атовулло хуб эҳсос намуда, ки менависад: "Кадоме аз инхоро ягон вазире, сафире, президенти кишваре мешиносад??? Кадоме аз инҳо ҳасби ҳоле дорад, ки боиси пайравӣ бошад? Кадоме аз инҳоро ба ғайри гову гусолаи оғилашон ва чанд нафари бахтбаргашта боз кӣ мешиносад?”
Ба ростӣ, ин баҳо хеле мунсифона ва воқеъбинона аст. Фақат ташвиш ва нигаронӣ инҷост, ки ин муртадон майнаи чанд ҷавони мисли худашон гумроҳу бахтбаргаштаро гиҷ намудаву онҳоро дар осиёби андешаҳои муғризона ва мағшуши худ дар гирдбод андохтаанд. Вагарна саг ҷакидан мегирад, вале корвон мегузараду меравад. Ин корвон дар бисоти худ молҳои гаронарзише дорад, ки нахаш, тору пудаш аз ваҳдат, ҳамбастагӣ, созандагӣ ва ақли солим иборат аст.
Акбари Фирӯз, таҳлилгар
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-12-2018, 20:28:23 | Диданд: 600