ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10668]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6467]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6378]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5318]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4756]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4611]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4609]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4582]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4208]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Кабирии Хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
3. Оқибатҳои фоҷиабори терроризм
4. Ман амали бадахлоқонаи гурӯҳи террористиро дар марзи Тоҷкистону Афғонистон қотеона маҳкум менамоям,
5. АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА ҶОНФИДОИҲОИ СОҲИБВАТАНОН.
6. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. ХУРШЕДИ МУЛКПАРВАРУ СУЛТОНИ ДОДГАР
8. МАРДЕ ШОИСТА ВА ЗИЁИЕ ИСТИСНОӢ, Ё ДОСТОНИ ҒАМУ ШОДӢ
9. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
10. ВОКУНИШ
Омор
- Хабархо: 2451
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 102273
ВОХУРӢ БО АҲЛИ МЕҲНАТ
Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони коллективҳои меҳнатии маркази шаҳрак вохӯрӣ доир гардид. Муовини раиси ноҳия Ғуломова Л, ҷамъомадро оғоз бахшида ба самъи ҳозирин нуктаю хулосаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида сипас ба раиси кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқӣ демократии Тоҷикистон Аҳмадҷон Ализода сухан дод.
Аҳмадҷон Ализода раиси кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқӣ демократии Тоҷикистон зимни баромади худ оид ба дастуру нишондодҳои Паёми имсолаи Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддовар гардида афзуд, ки Паёми Сардори давлат барои ҳар яки мо роҳнамои хубест баҳри амалӣ гардонидани нақшаю барномаҳои тарҳрезишуда, пешрафту тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, беҳтаршавии ҳаёти мардуми шарифи кишварамон. Ва ҳамзамон таъкидҳои Сардори давлатро дар хусуси беҳдошти вазъи таълиму тарбияи ҷавонон, алалхусус касбомӯзию аз худ намудани забонҳои русию англисӣ хотиррасон намуд.
Баъд аз баромадҳо иштирокдорони ҷамъомад аз ҷумла Шаҳноза Шокирова-дониҷӯи курси якуми филиали коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар ноҳияи Восеъ, Сафаргул Нозимова- корманди беморхонаи марказии ноҳия, Сфарали Мирзоев- сардухтури беморхонаи касалиҳои сили ноҳия баромад намуда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар роҳнамои фаъолияту кори худ дониста, изҳор доштанд, ки барои амалӣ гардонидани он тамоми фаъолияташонро сафарбар менамоянд.
Илова кард: Мирзоев С | Илова шуд: 2016-02-09 | Диданд: 1244