МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Изҳорот ба тазоҳурот дар Олмон, назди сафорати Тоҷикистон

Изҳорот ба тазоҳурот дар Олмон, назди сафорати Тоҷикистон

Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм мавқеи худро дар тамоми ҷаҳон аз ҳисоби шахсони гумроҳ мустаҳкам кардааст. Ин боиси аз байн рафтани давлату миллат мегардад. Шахсони гумроҳ танҳо манфиати худро фикр карда намедонанд, ки сабабгори нобудии давлате ё миллате мегарданд, ки ҳазорҳо нафаронро зери хавфу хатар қарор медиҳанд. Махсусан тазоҳуроте, ки дар Олмон назди сафоратхонаи Тоҷикистон рух дода буд, аз ҷониби баъзе террористони ватанфурӯш ташкил гардид, ки  ин гумроҳон бо як маблағи ночиз мехостанд давлатеро, ки шахсони ватандӯст ҷони худро фидо намудаанд ва бо арзиши ҷон онро харидаанд аз байн бибаранд. Мо бояд ба чунон гумроҳон роҳ надиҳем, ки дигаронро низ мағзшӯи кунанд, вазифаи мо  гумроҳонро тарбия намудан ва ба  роҳи дуруст даровардан аст.

Ватани худро агар мо обод накунем, касе барои мо обод намекунад. Баъзе аз мухолифон дар муи сарашон сафедиҳо бештар дида мешаваду, вале ақлашон комил нест бо овози баланд гапҳои ношоиста мезананд, ки аз хоинии онҳо шаҳодат медиҳад. Марг ба чунин гумроҳоне, ки ба муқобили сарзамини тинҷу осудаи хеш гапҳои туҳмат мезананд.

 

Орифзода А-ҷавони фаъоли ноҳия

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 19-12-2018, 14:38:57 | Диданд: 481