МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

НАЙРАНГИ НАВИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ТАВАССУТИ ГИРДИҲАМОӢ

НАЙРАНГИ НАВИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ТАВАССУТИ ГИРДИҲАМОӢ

Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Яке аз чунин саҳифаи заррин барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Имрӯз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҷиҳати тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ ба сатҳи зарурӣ расидааст. Хурсандавор он аст, ки мардуми солҳои 90-уми асри ХХ азият кашидаи тоҷик бо сарварии Пешвои миллати худ ҳамаи мушкилотро паси сар намуда, бо дастовардҳои назаррас ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳаматарафа омодагӣ дида истодааст. Мардуми бузургмеҳри минтақаҳои гуногуни кишварамон, ки дар вазъияти орому осоиштагӣ зиндагонӣ карда, барои пешрафти кишвар бо фаъолияти созандагӣ меҳнати пурсамар карда истодаанд.

         Муттаасифона, қувваҳое ҳаст, ки бо ҳар гуна роҳу васила мехоҳанд ба ин оромиву амнияти кишвари мо халал ворид намоянд. Душманони миллат ва давлати мо, ки як гурӯҳи кӯчакро ташкил медиҳанд ва бо ҷурми содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта дар ҷустуҷӯ қарор доранд бо баргузор намудани гирдиҳамоии ғайриқонунӣ мехоҳанд диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намоянд.

         Шиору овезаҳои онҳо пур аз фитнаву дасиса ва талаботҳояшон ба доираи чорчӯбаи қонун рост намеояд. Наход, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин суханони бемаънӣ ва ҷудоиандоз бовар кунад? Ҳеҷ гоҳ не, чунки талаби онҳо ба қонунгузории кишвар ва санадҳои байналмиллалӣ пурра мухолифат менамояд. Дархости гирдомадагон аз маҳбас озод намудани Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин зиндонӣ гаштаанд ва душманони халқу миллати тоҷик ба шумор мераванд ҳеҷ гоҳ амалӣ намегардад. Ин нафарон на зиндониёни сиёсӣ, балки нафарони кӯрнамаке мебошанд, ки манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии худро аз манфиати халқу миллат ва давлати тоҷикон боло мебинанд. Талаби дигари хоинон ин “эълон кардани феҳристи комили ҳамаи захмиҳо - кушташуда дар маҳбусхонаи 3-3 шаҳри Хуҷанд” мебошад, ки бори дигар бо дастури ТТЭ ҲНИ ташкил шудани бетартибӣ дар ин маҳбас гувоҳӣ медиҳад.

         Даъвати ғайриқонунии шаҳрвандон ба назди бинои Сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, як амали бемантиқ, бемаврид ва давоми мантиқии фитнаву дасисаҳои Кабирӣ маҳсуб меёбад. Ин амал бозии пасипардагии Кабирӣ ва хоҷагони хориҷии ӯ буда, на ҷомеаи ҷаҳонӣ ва на шаҳрвандони Тоҷикистон ба он эътимод ва боварӣ надоранд.

         Ба ҳамагон маълум аст, ки фаъолияти суд, прокуратура ва дигар мақомотҳои ҳизфи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳо, Конститутсия ва санадҳои байналмилале, ки давлати мо эътироф намудааст, ба роҳ монда шудааст. Онро экспертҳои байналмилалӣ борҳо санҷида эътироф кардаанд.

         Ҳамин тариқ, имрӯз мардуми тоҷик бо шукргузорӣ аз ваҳдату суботи ҷомеа хушбахтона умр ба сар мебаранд ва бо меҳнати софдилона барои ободии ҳар як гӯшаву канори кишвар саҳми сазовори худро гузошта истодаанд. Душманони миллату давлати мо, ки бо ҳар роҳу васила бар зиддӣ мо сангпартоӣ мекуананд, ҳеҷ гоҳ ба мақсади аҳримании худ намерасанд ва наметавонанд.

 

Шарифхон Тиллоев, рӯзноманигор.

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-12-2018, 11:51:58 | Диданд: 516