МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Табрикоти раиси ноҳияи Восеъ М.Ғафурзода ба муносибати Соли Нави мелодии 2019

Табрикоти раиси ноҳияи Восеъ М.Ғафурзода ба муносибати Соли Нави мелодии 2019

 

 

 

Табрикоти соли навии раиси ноҳияи Восеъ муҳтарам Ғафурзода М.З. бахшида ба Соли нави мелодии 2019

 

 

Ҳамдиёрони азиз!

 

Таърих бо саҳифаи тозаи соли 2019 варақгардон мешавад. Соле, ки моро хайрбод мегӯяд, дар ҳаёти мардуми шарафманди ноҳия, чун тамоми мардуми кишвар фаромӯш-нопазир боқӣ мемонад.

Дар ҳақиқат дар соли 2018 дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ омадаанд, ки ба пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва беҳдошти рӯзафзуни рӯзгори ии мардуми ноҳия мусоидат кардаанд.  Бузургтарин воқеаи сол ба истифода додани агрегати якуми НОБ-и “Роғун”, барқарор шудани муносибатҳои манфиатовари дипломатӣ бо давлати Узбекистон, ироа шудани Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад, ки мардуми шарафманди ноҳияи мо низ дар партави Паёми Пешвои миллат  якдилона заҳмат кашида, садоқатмандии худро бо иҷрои нақшаҳои дурнамо нишон хоҳанд дод.

Дар соли 2018-кишоварзони мо дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳми муносибе гузошта, ҷиҳати истеҳсол ва содироти он мувофиқи нақша амал намуданд. 

Саноатчиёни ноҳия низ тавонистанд дар соли 2018 ғайратмандона меҳнат карда, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолиро бештар намуданд ва ба таъмини садҳо ҷойҳои нави корӣ барои эҳтиёҷмандон мушараф шуданд.

Дар соли сипаригашта яке аз руйдодҳои таърихӣ ин сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба ноҳияи мо буд, ки дар ин сафари корӣ корхонаи асфалтбарорӣ дар деҳаи Кафтархонаи Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Раҷабов, бинои Кумитаи идораи замини ноҳия дар шаҳраки Ҳулбук кушода шуданд. Соли 2018 дар ноҳия соли бунёду созандагӣ буд, зеро бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии гурӯҳи кори Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор 230 сохтмон ва корҳои ободонӣ ба нақша гирифта шуд. Давоми соли 2018 дар ноҳия 5-майдончаи бозии хӯрди футбол, 3-муассисаи томактабӣ, 1-гулгашт, 2-бунгоҳи тиббӣ ва 9 адад чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд.   

Боиси ифтихор аст, ки дар ноҳия  корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг дар маркази ноҳия, сохтмони майдони варзишӣ барои 20 ҳазор ҷойи нишаст, азнавсозии хатҳои интиқоли оби полезӣ ва дигар амалҳои созандагӣ ва беҳтар гардидани симои шаҳраку деҳот ва болоравии сатҳи фарҳанги деҳадорӣ таъсири муфид хоҳад расонд. Барои маорифчиёни ноҳия низ соли 2018 хотирмон арзёбӣ мешавад. Дар ин сол барои толибилмони ноҳия 11- синфхонаи иловаги бо тарҳи нави замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Инчунин ба муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби соҳибкорон, шахсони саховатпеша, хоҷагиҳои деҳқонӣ мизу курсӣ барои хонандагон 3000 адад, тахтаи синф 81 адад, мизу курсӣ барои омӯзгорон 134 адад, тиреза 153  адад, компютер 58 адад, 50 мизу курсии махсус барои компютер,    3-адад проектор  таъмин гардиданд.Инчунин хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар иштироки олимпиадаҳои фаннии байналмилаливу ҷумҳуриявӣ соҳиби 69-медал гардиданд, ки аз ин 7-тилло, 9-нуқра, 53- биринҷӣ мебошад.

 Дар маҷмуъ соли 2018 барои мардуми шарафманди ноҳия соли барору комёбиҳо маҳсуб мешавад. Мо бо соли 2018 хайрухуш намуда, бо руҳияи баланди меҳнатӣ, иродаи қавӣ ва итминони комил ба остонаи соли нави 2019 ворид мешавем. Дар соли нав моро амалҳои боз ҳам шоиставу манфиатовар ба нафъи мардуми диёр интизор аст.

       Аз ин рӯ бори дигар ҳамаи шумо ва дар шахсияти шумо тамоми мардуми ноҳияро бо  фарорасии Соли Нави мелодии 2019 сидқан табрику муборакбод намуда, ба шумо тандурустии комил, рӯзгори осуда ва руҳияи қавии меҳнатӣ орзу менамоям.

Соли наватон хуҷаста бод, ҳамдиёрони азиз!                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                         

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 31-12-2018, 13:34:17 | Диданд: 652