МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Таъсири либосҳои ғайри миллӣ ба насли наврас

Таъсири либосҳои ғайри миллӣ ба насли наврас

Ҳар як халқу миллат дорои расму оин ва фарҳанги худ буда, бо он дар ҷаҳон машҳур мебошад. Миллати тоҷик дар таърихи башарӣ исбот намудааст, ки дорои фарҳангӣ ғанӣ буда, аз замонҳои қадим то ба ҳол ҳамчун меърос фарҳангаш омада расидааст. Вале баъзан нафарон зери таъсири хурофот ва дигар равияҳо миёни мардуми мо ба бар намудани либосҳои бегонаро ташвиқу тарғиб намуданд. Ҳоло он, ки либоси миллии тоқикӣ ягона лисбосест, ки тамоми шармгоҳи мард ва занро пӯшонида ҳамчун инсони комилл ҳар як шахсро вонамуд мекунад. Дар солҳои охир аз ҷониби тоҷирон либосҳои миллату халқиятҳои дигар низ воридшуда, баъзан нафарони рӯҳонӣ барои ба бар намудани онҳо аз ҳадисҳо мисол меоварданд. Хусусан зери таъсири ин нафарон дар кишвари мо либосҳои бегона аз ҷониби як зумра шаҳрвандон бештар истифода мегардид. 

    Бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳои соҳибистиқлоли фарҳанги миллати мо эҳё гардид. Дар ин ҷода чорабиниҳои фарҳангии зиёде ташкил ва гузаронида шуданд, ки дар онҳо танҳо фарҳанги миллӣ ташвиқ ва тарғиб карда шуданд. Ҳоло бошад дар тамоми қаламрави кишвар занони тоҷик либосҳои чакан, атласу адрасро ба бар менамоянд, ки ин ба насли наврас тарбияи хуби фарҳангӣ мебошад. Либосҳои бегона бошад имрӯз аҳён аҳён ба назар расад ҳам умеду бовари аст, ки дар солҳои наздик он ҳам аз байн меравад. 

Қурбонов М- муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-01-2019, 13:35:04 | Диданд: 441