ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9987]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6134]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5874]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5003]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4329]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4300]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4289]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4274]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3936]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 63573
Муроҷиати волидайн ба фарзанд ё ТТЭ ҲНИ роҳи террорро идома медиҳад

ТТЭ ҲНИ роҳи террорро идома медиҳад ё муроҷиати волидайн ба фарзанд
Роҳбарон ва аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар рӯйхати кофтукови байналмилалӣ қарор доранд, кӯшишҳои бенатиҷаи худро ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳ ба ҳизби наҳзат ва таъсиси «хилофат» идома медиҳанд. Онҳо аз ҷазои ҷиноии сазовор барои фаъолияти террористиашон пинҳон шуда, ба таври виртуалӣ тавассути шабакаи интернет ба омма муроҷиат мекунанд.
Тасдиқи нави фаъолияти террористӣ доштани ТТЭ ҲНИ ин баромади террорист-чаласавод «Абу Усомаи Норакӣ», узви фаъоли ТТЭ ҲНИ мебошад. Ӯ муддати зиёд бо истифода аз бесаводии динии ҷавонон онҳоро ба сафи ТТЭ ҲНИ ҷалб менамуд. «Абу Усомаи Норакӣ» яке аз созмондиҳандагон ва роҳбарони амали террористӣ, ки 29 июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Данғараи Тоҷикистон нисбат ба сайёҳони хориҷӣ содир карда шуд ва иҷрокунандаи асосии он узви фаъоли ин ҳизб Абдусамадов Ҳусейн буд, мебошад.
Далели зери парчами ДОИШ пинҳон шудан ва узви фаъоли ТТЭ ҲНИ будани «Абу Усомаи Норакӣ» он аст, ки ӯ дар шаҳри Хоши Ҷумҳурии Исломии Эрон зиндагӣ мекунад. Тавре маълум аст, ҳеҷ яке аз аъзои ДОИШ аз шумули шаҳрвандони ҶТ агар аъзои ТТЭ ҲНИ набошад дар он ҷо зиндагӣ карда наметавонад. Далелҳо гувоҳи раднопазиранд. Ва онҳо яқинан аз ин шаҳодат медиҳанд.
Барои аз роҳи бад баргардондани фарзанди худ волидайни «Абу Усомаи Норакӣ» (Назаров Тоҷиддин Мирзораҳимович) ба ӯ муроҷиати видеоӣ намуданд.
Наворро дар линки зер тамошо кунед:
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 06-01-2019, 08:05:57 | Диданд: 547