МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЭТ ҲНИТ : Аз хоинӣ то куштори чеҳраҳои маъруфи миллат.

ТЭТ ҲНИТ :  Аз хоинӣ то куштори чеҳраҳои маъруфи миллат.

Шоми 8-уми августи соли 2017 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон филми мустанадеро дар телевизони «Тоҷикистон» ба намоиш гузошт, ки боз ҳам парда аз руйи аъмоли хоинонаи  ташкилоти экстремистӣ – террористии ҲНИТ болотар бардошт. Дар воқеъ филми мазкур аз забони террористон ва аъзоёни дасгиршудаи собиқ ТЭТ ҲНИТ хеле касбӣ ва воқеъбинона таҳия шудааст. Вокунишҳо ба филм гуногунанд.  Аз  ҷумла баъзе ҷонибдорони ТЭТ ҲНИТ ва пуштибони онон  тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ кушиш доранд дурустии далелҳои собитшударо дар қазияи мазкур зери шубҳа баранд. Аммо ин «вокуниш»-ҳо бори дигар исбот намуд, ки роҳбарону таблиғгарони ТЭТ ҲНИТ ҳолоҳам дар байни  ҷавонону гурезаҳои камсаводу сустирода ба тарғиботи идеологии ифроти пардохта, қисмате аз онҳоро барои таҳсил ба ҳар гуна мактабу таълимгоҳҳои хориҷӣ бурда, ҷавононро ба «Ҷиҳод» даъват менамояд.  Филми мазкур пурра ошкор намуд, ки ТЭТ ҲНИТ аз рўзҳои аввали фаъолияташ  то эълон гардиданаш ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ ба куштори чеҳраҳои маъруфи миллат, аз ҷумла кушторҳои рўзноманигори шинохта Муҳиддин Олимпур, ҳуқуқшиноси шинохта  Сафарали Кенҷаев, раиси ноҳияи Пролетар ҳозира (Ҷаббор Расулов)-и вилояти Суғд Бегиҷонов С, хабарнигори ОРТВ Никулин, журналистон Хушбахт Ҳайдаршо, Давлаталӣ Раҳмоналӣ, хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Россия, роҳбари равияи динии «Баҳовия» Абдуллои Муқаррабӣ (зодаи Эрону шаҳрванди Британияи Кабир) таркиши маркази масеҳии «Сонмин» даст дошта,  инчунин нишондаҳандаҳои дастгиршудагон бароямон маҳлум шуд, ҳамаи аъзоёни ин гуруҳҳои террористӣ дар шаҳрҳои Қум, Машҳад, Ардабил, Караҷ ва Мозандарони  ҶИЭ омодагии ҳарбию ҷангиро гирифтаанд.

Чунончӣ, Назаров Қ – полковники Вазорати корҳои дохилӣ, зимни мусоҳибаи хеш ба нашрияи «Фарож» иброз доштааст: «Ҷангиёни наҳзатиро дар се давра (солҳои 1993-1994, 1994-1996, 1996-1998, дар ҳар даврае аз 80 то 100 нафарӣ) бо ихтисосҳои таблиғотчӣ (Пропагандист), муайянкунанда (устоновщик), назораткунанда (наблюдатель), таҳиякунандаи воситаҳои тарканда ва нобуткунанда (киллер) омода намудаанд. Чизи ниҳоят муҳим он аст, ки хадамоти махсуси Эрон таваҷҷуҳи хоса барои тайёр кардани истиҳдомчиҳо (вербовщикҳо) медод.

Онҳоро бо овози нарм, сухану гуфтори мулоим таҳти шиорҳои исломӣ, бо ҳароз зиракию айёрӣ интихоб мекарданд ва меомузониданд, ки читавр як тоҷики соддаи мусулмони сунъии раҳгумзадаро ба доми худ афтонанд. Аз як бандаи Худо  террорист тайёр кунанд. Қабл аз бурдан ба марказҳои террористӣ ба ҳар як нафар лақаби мустаол ва асрори қаблаки дода мешуд, то нисбати шахсияти як дигар маълумот надошта бошанд. Баъдан онҳоро ба ҳалқаҳо ҷудо намуда, як нафарро сардори он таъмин мекарданд ва тавассути ҳалқа идора мешуду дастуру супориш мегирифт.  Баъди гузаштани давраи омодагии ҷангӣ- диверсиони барои иҷро намудани амалиёти таҳрезишуда ба Тоҷикистон фиристода мешуданд, даст доштаанд».

Филми мазкур собит сохт, ки ТЭТ ҲНИТ бо дастури  хоҷагони хориҷияшон фитна, қатлу кушторро дар Тоҷикистон ташкил намуда, бо қатли чеҳраҳои маъруфи миллат чун Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Раҳими Афардӣ, рўзноманигорон Отахон Латифӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Давлатали Раҳмоналӣ ва дигарон вазъро дар дохили кишвар ноором гардонида, норизогии маҳалҳоро дар дохили кишвар ба миён оварданд.

Боиси дастгирист, ки филми мазкур ба чор забон тарҷума гардида имрўз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ онҳоро миллионҳо нафар сокинони сайёра тамошо карда, ҳаққиқатро дар бораи ТЭТ ҲНИТ дарк карда истоидаанд.

Филми мазкур дар асоси далелҳои воқеъи бо иқрори худи қотилон натанҳо «қатра»-и  ҲНИТ –ро возеҳу равшан кушод, балки «фармоишгарон»-ро низ ошкор сохт, яъне наҳзатиён хиёнатҳои худро эътироф намуданд ва кумакрасону пуштибонони худро ошкор намуданд.

Ин аст, ки имрўз хоҷагони хориҷии онҳо, то садое, пур аз ҳақорату таҳдиду таҳқиру интиқомситониро баланд намудаанд. Аз гуфторҳои лафзии хоҷагони хориҷияшон бармеояд, ки аллакай косаи сабрашон лабрез шудааст ва бар ивази маблағҳои додаашон мурташаниҷии вазъи сиёсиро дар минтақа талаб доранд.

Филми мазкур, бозгуи он аст, ки намояндагону аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии  ҲНИТ аз ҷумлаи афроди авомфиреб ва тафриқаандоз буда, дар байни мардум ҳамин шуғл доштаанду доранд, зеро он ба рафторҳои ношоистаю ғайри ақлони ва ғайри инсони оддат кардаанду наметавонанд, ки аз ин одами бад даст бикашанд.

 

Рустам Солиҳов сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ.

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-01-2019, 09:28:36 | Диданд: 490