ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9963]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6130]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5870]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4998]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4323]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4295]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4285]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4270]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3931]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 63422
Чоҳкан зери чоҳ

Имрӯз яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба мисоли ТЭТ ҲНИ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар мекунонад, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.
Ҳеҷ гоҳ ба дасисаҳои Кабири ном шахс бовар набояд кард чунки ислом дини ҳақ аст ва бо омехта гардидани номи Кабири ба ин дини муборак бадном мегардад. Чуноне ки дар урфият гуфтаанд чоҳкан зери чоҳ ва мо бовари дорем ки Кабири як руз не як руз ба чоҳи кандаи худ меафтад.
Раҷабов Ҷовидон сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 15-01-2019, 14:22:08 | Диданд: 522