МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЕРРОРИЗМ-ВАБОИ АСР

ТЕРРОРИЗМ-ВАБОИ АСР

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон. Сулҳу салоҳ, оромӣ аз бузургтарин неъматҳои Парвардигори ягона аст.

Кишвари азизамон аз замони соҳибистиқлол гаштан то имрўз ба пешравиҳои динӣ ва дунявӣ ноил гаштааст. Бешубҳа ин комёбиҳо зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хидматҳои шоёни  содиқонаашон ба даст омадааст. Ва моро мебояд ба қадри чунин неъматҳои бебаҳо расем ва шукргузорӣ намоем. Зеро имрўз дар бисёре аз кишварҳои олам ин неъмати бузург, яъне сулҳу салоҳ аз даст рафтааст, ки дар натиҷа мардум ба офатҳои руҳӣ ва равонӣ ва мушкилотҳои динию дунявӣ гирифтор шудаанд.

Кишвари мо дар солҳои 90-уми асри гузашта чунин мусибатҳоро аз сар гузаронид ва мардуми шарифи тоҷик талафоти ҷонӣ ва молии зиёд дод. Он солҳо гуруҳҳои муғриз ва манфиатҷў бо номи поки ислом мардумро фиреб дода, ба сўи ҷанги хонумонсўз тела доданд, натиҷаи талхи онро то ҳанўз фаромўш накардаанд. Он солҳо ТЭТ ҳизби наҳзат аз номи поки ислом сўистифода карда, сабаби куштори зиёда аз 150 ҳазор мардуми осоишта ё гуреза шудани зиёда аз 1 миллион нафар гаштанд. Аммо, Худованд сулҳу оромишро дар кишвари азизамон овард ва Пешвои хирадмандеро, ки сабаби хайру хубии ин кишвар гашт ба мо дод. Пешвои миллат аз хирадмандии худ тамоми гуноҳҳои онҳоро бахшида, ва онҳоро ба вазифаҳои арзанда дар кишвар пешбарӣ намуд. Аммо ин мунофиқсифатон ба қадри ин неъмати пурбаҳо нарасиданд, ба ҷои шукргузорӣ ва хидмат ба дину давлату миллат қисме аз мардумро аз мазҳаби аҷдодиамон-мазҳаби Эмоми Аъзам бароварданд ва ба сўи мазҳаби асосии терроризм дар ҷаҳон мазҳаби шиаҳои охундӣ роҳнамоӣ карданд. Ва худро ҳамчун ҳанафимазҳаб вонамуд карда, монанди каждуми фурсатчў мунтазири як лаҳзаи муносиб барои неш задан буданд.

Мардум хуб дар ёд дорад, ки мазҳаби наҳзат чӣ хиёнатҳо ва касофатиҳоро болои ин кишвар овардааст. Ва бо ин кифоя накарда, аз ватан берун, зери ҳомигии хоҷагонашон дар баъзе кишварҳо тазоҳурот ва гирдиҳамоӣ бар зидди ин миллат ва кишвар доранд. Шояд гумон кунанд, ки ба монанди солҳои навадум мардумро метавонанд фиреб диҳанд. Аммо онҳо иштибоҳи бузурге мекунанд. Ин мардум ҳизби наҳзатро хуб шинохтаанд ва аз макру ҳилаи онҳо хуб бохабар шудаанд ва медонанд, ки ин ҳизб дар муддати фаъолияти худ ҳеҷ хизмате дар ҳаққи ислом ва мардум накардааст, танҳо ба ҷуз шиа кардани гуруҳе ва террорист кардани гуруҳи дигар коре накардаанд.

Масҷиди Марказии ноҳияи Восеъ бо тамоми масъулият гирдиҳамоии ҳизби наҳзатро дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Берлин маҳкум мекунанд ва онро хилофи арзишҳои исломӣ ва инсонӣ медонанд ва аз тамоми мардуми кишвар ва махсусан, мадуми ноҳияи Восеъ даъват мекунанд то фирефтаи чунин фарзандони Абдулло ибни Убай сарвари муннофиқон нашаванд ва шукргузории неъматҳои сулҳу оромӣ ва ободии кишвар ва масҷидҳои пур аз намозгузорон кунанд ва тамоми талоши худро барои ободии дин ва дунёи худ ба харҷ диҳанд ва дар ҳаққи Пешвои миллат ва тамоми хайрхоҳони  ин кишвари азиз дуои хайр дошта бошанд.

 

 

Абдулазиз Акрамзода,

    эмомхатиби Масҷид.

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-01-2019, 14:36:15 | Диданд: 900