МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ифродгароён

Ифродгароён

Ба ҳамагон пушида нест , ки Тоҷикистон  дар зарфи 27-соли истиқлолияти миллӣ дар ҳама соҳаҳо ба дастовардҳои калони меҳнати ноил шуд. Ҳоло мардуми тоҷик дар арафаи ҷашни 30-солаги истиқлолият қарор дорад ва баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин санаи муҳими таърихи омодагиҳо дида истодааст. Мо ба воситаҳои расонаҳои хабари мувофиқем, ки корхонаҳои гуногуни саноати, қасрҳои фарҳангию маиши биноҳои мактабу донишгоҳо мувофиқ ба талаботи муосир сохта ба истифода дода мешаванд, ки боиси бунёди ҳазорҳо ҷойҳои кори мегарданд.

Дар паёми имсолаи пешвои миллат ҳама дастовардҳои мо дар мавқеи худ ва реалии баён шуда дурнамои кишварро дар як соли оянда муаян кард. Аз ҳама дастоварди муҳим дар соҳаи энергетика ин ба кор дохтани чархаи шашуми Неъругоҳи Барҳи обии Роѓун мебошад. Метавонд чунин комёбиҳоро дар ҳама соҳаҳои кишвар зикр намуд.

         Ин ҳама пешравиҳо маълум аст, ки ба душманони берунмарзии мо писанд несту онҳо бо ҳар роҳ зиндагии осоиштаи морро халлалдор кардан мехоҳанд. Намояндагони ҳизби назҳати ислом, ки солҳо дар Тоҷикистон фаъолият намуд ва ҳамчун ҳисби террорист амалиёташ дар қаламрави кишвар  қаъд гардид, имрўзҳо дар хориҷи кишвар бо иѓваҳои навбати худ ба мо буҳтон мезананд, пешравии кишварро дидан намехоҳанд, ва аз паша фил сохта дар арсаи ҷаҳони моро бадном месозанд.

         Вале ҳақиқатро пинҳон карда намешавад ҳама ҳамсоякишварҳои мо аз пешравии мо бо хуби воқифанд ва ба накуи медонанд, ки натанҳо мо дар сиёсати дохилии кишвар комёби ба даст овардаем, балки бо тамоми ҳамсоякишварҳоямон ва дигар мамомикоти олам муносибати хуби дўстона дорем. Оини бародарию баробариро риоя мекунем. Имрўз Тоҷикистон бо зиёда аз 150 мамлакати ҷаҳон муносибати дўстона доранд, аз равобити дипломатии бо ин кишварҳо дар сатҳи оли ба роҳ мондааст.  Ин ҳама иѓвоҳои навбатии М Кабири ва пайравони он оромии кишвари азизи моро халалдор карда наметавонад.

 

 

Устоди муассисаи таълими №59                                                  Шамси А

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-01-2019, 12:08:53 | Диданд: 571