МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

КАБИРӢ БА ҲАМАИ САВОЛҲО ҶАВОБ НАДОД!

КАБИРӢ БА ҲАМАИ САВОЛҲО ҶАВОБ НАДОД!

Саҳифаи интернетро мекушоям. Баъди чанде радубадал шудани мавзуъҳо назарам ба эълоне меафтад.  Раиси ПМТ (Паймони миллии Тоҷикистон) Муҳиддин кабирӣ ба саволҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷавоб медиҳад. Ва дар шафати он сурати дар зоҳир намуди хирадмандонаю орифонадоштаи Муҳиддин Кабирӣ.

Чаро раиси ҲНИ нею раиси ПМТ. Дарҳол ба ёдам омад ин ҳамон ташкилоти таъсисдодаи Кабирӣ ва думравонаш аст, ки чанде пеш рўи кор омада буд ва аз тарафи Додоҷон Атоуллоев зери интиқоди сахт қарор ёфтаву онро ҳамчун масхарабозӣ номид. Ва роҳи дигари дарёфти маблаѓҳои ҳангуфтро дар таъсиси он шуморид.

Хуб, бигузор ҳамин тавр бошад, вале дар пахши зиндааш Муҳиддин Кабирии ба қавли пайравонаш олиму сиёсатшинос ба саволҳои шаҳрвандони Тоҷикистон  чӣ ҷавобе мегуфта бошад. Шояд ба рўи худ пўсти хубон кашида, аз онҳо фирор кунад ва ё мардумро чапѓалат дода, ба сари дигар рафиқонаш вогузор намуда, худро мусичаи бегуноҳ, моҳи беайб тарошад.

Кабирӣ ҳангоми баромадаш бори дигар собит намуд, ки чун пешина найрангобозӣ карда мехоҳад назди хоҷагонаш худро нишон диҳад. На ба ҳамаи саволҳои шаҳрвандон ҷавоб дода танҳо саволҳои аъзоёни худро ки барои манфиатҳои у мебошад ҷавоб медиҳаду халос.

Ин маънои онро дорад, ки Кабирӣ дар хориҷи кишвар ба мисли рӯбоҳи макор ғавғо мекобад.

 

Зоиров И-корманди шуъбаи маорифи ноҳия

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-01-2019, 11:25:26 | Диданд: 443