МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мо аз паи ободием

Мо аз паи ободием

Солҳои охир сару сафо оиди барномаҳои ҳизби наҳзати ислом, ки бо роҳбарии Муҳидин Кабири  хеле зиёд аст. Ин ҳизбиён агар борҳо назди мардум шармсор шуда бошанд, боз дар хориҷи кишвар бо ниқоби дигар баромад намуда хешро ҳоммии миллату дустдори ин Ватан мехоҳанд. Вале мардуми мо он амалҳои зиште, ки бо дасти ин «ҳомиёни миллат» солҳои навадуму  солҳои истиқлолият ба амал омада буд, ҳеҷ гоҳ фаромуш накардаанду нахоҳанд кард. Мо тоҷикону тоҷикистониён ҳеҷ гоҳ ба найрангбозиҳои ин қавм намеафтем.

Ба ҳамагон пушида нест, ки Тоҷикистон  дар зарфи 27-соли истиқлолияти миллӣ дар ҳама соҳаҳо ба дастовардҳои калони меҳнати ноил шуд. Ҳоло мардуми тоҷик дар арафаи ҷашни 30-солаги истиқлолият қарор дорад ва баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин санаи муҳими таърихи омодагиҳо дида истодааст. Мо ба воситаҳои расонаҳои хабари мувофиқем, ки корхонаҳои гуногуни саноати, қасрҳои фарҳангию маишӣ биноҳои мактабу донишгоҳоҳо мувофиқ ба талаботи муосир сохта ба истифода дода мешаванд, ки боиси бунёди ҳазорҳо ҷойҳои корӣ мегарданд.

Дар Паёми имсолаи пешвои миллат ҳама дастовардҳои мо дар мавқеи худ ва реалии баён шуда дурнамои кишварро дар як соли оянда муаян кард. Аз ҳама дастоварди муҳим дар соҳаи энергетика ин ба кор дохтани чархаи Неъругоҳи Барҳи обии Роғун мебошад. Метавонд чунин комёбиҳоро дар ҳама соҳаҳои кишвар зикр намуд.

            Ин ҳама пешравиҳо маълум аст, ки ба душманони берунмарзии мо писанд несту онҳо бо ҳар роҳ зиндагии осоиштаи морро халалдор кардан мехоҳанд. Намояндагони ҳизби назҳати ислом, ки солҳо дар Тоҷикистон фаъолият намуд ва ҳамчун ҳизби террорист амалиёташ дар қаламрави кишвар  қатъ гардид, имрўзҳо дар хориҷи кишвар бо иғваҳои навбати худ ба мо буҳтон мезананд, пешравии кишварро дидан намехоҳанд, ва аз паша фил сохта дар арсаи ҷаҳони моро бадном месозанд.

            Вале ҳақиқатро пинҳон карда намешавад ҳама ҳамсоякишварҳои мо аз пешравии мо бо хуби воқифанд ва ба накуи медонанд, ки натанҳо мо дар сиёсати дохилии кишвар комёби ба даст овардаем, балки бо тамоми ҳамсоякишварҳоямон ва дигар мамомикоти олам муносибати хуби дўстона дорем. Оини бародарию баробариро риоя мекунем. Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 150 мамлакати ҷаҳон муносибати дӯстона доранд, аз равобити дипломатии бо ин кишварҳо дар сатҳи оли ба роҳ мондааст.  Ин ҳама иғвоҳои навбатии М. Кабирӣ ва пайравони он оромии кишвари азизи моро халалдор карда наметавонад.

 

Шамси Араб

омузгори МТМУ.  №59-и  н.Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-01-2019, 13:28:11 | Диданд: 884