МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

М.Кабирӣ аз дуруғгӯи ва фиребгариаш ҳеҷ вақт намемонад

М.Кабирӣ аз дуруғгӯи ва фиребгариаш ҳеҷ вақт намемонад

Қисми зиёде аз инсонҳо кушиш мекунанд, ки номи онҳо баъди вафоташон асрҳо боқи монаду дигарон пайрави корҳои неки онҳо гардад. Бо ҳамин мақсад дар ҳимояи Ватан, шаъну шарафи давлату миллати худ ҷонисорӣ карда қаҳрамонии худро нишон медиҳанд. Барои корнамоии нафаре, ки барои беҳбудии ҳаёти ҷомеа талош намудааст, садҳо китобу асарҳо менависанду ба наслҳо тарбия медиҳанд.

М.Кабирӣ аз зумраи нафароне, мебошад, ки баръакси гуфтаҳои дар боло гуфта шуда амал намуда, мехоҳад дар ҷои тинчу обод ноамнию, қонунваронкуниро мусоидат намояд. Ин нафар замоне аз обу нони Тоҷикистон хӯрдаву дар Ватани худаш мақсади ғаразнокро дар андешааш мегузаронд ва барои амали намудани он кушишҳоеро ҳам кард, ки бе натиҷа анҷомиду аммо боиси марги афсарону аскарони бегуноҳ гардид. Ин разил боз аз хориҷи кишвар истода бо баромадҳои худаш собит месозад, ки ғамхори халқу миллат мебошад. Ӯ намедонад, ки ҳамаи корҳои разилонаи ӯро ҳамагон медонанд.

Дар баромади навбатиаш аз ҳамон найрангбози ва дуруғҳои пешинааш истифода бурда боз назди мардуми руи сиёҳашро сафед кардани мешавад, ки касе ба у бовар ва ҳатто гуш намедихад.

У дар фаъолияти кориаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат дуруғ гуфта мардумфиреби мекард, то ки назди хоҷагонаш худро вонамуд кунад. Аммо мардум дуругхои уро фахмида бо помидору тухм ба руяш заданд, зеро у душмани миллат ва давлат буд.

Раҷабов Ҷ-сокини ноҳияи Восеъ

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-02-2019, 13:49:55 | Диданд: 359