МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Шаҳрвандон набояд бетараф бошанд

Шаҳрвандон набояд бетараф бошанд

Дар ҷаҳони илму технологияи муосир ҷанги иттилоотӣ бештар барои расидан ба ҳадаф ба мақсад мувофиқ мебошад. Маҳз инро ба инобат гирифта бештари гуруҳҳои террористиву экстремистӣ барои онором сохтани вазъ талошҳо меварзанд. Дар натиҷа қурбонии амали террористонаи онҳо бештар ҳамон мардуми бегуноҳ мегардад.  Ин раванд дар тамоми давлатҳои мутараққӣ ва начандон рушдёфта амал менамояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои маҳв сохтани он талошҳо меварзад. Лек ин тоифа нафарон, ки шомили гурӯҳи террористиву экстремистӣ мебошанд на ватан доранду на миллат онҳо нафароне мебошанд, ки мағзшӯи шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки аз ҷиҳати илми равоншиносӣ инсоният аз руи хислат  ба чанд гурӯҳ ҷудо мешавад, маҳз ҳамон гуруҳи инсонҳое, ки зудбоваранд зери доми найрангбозон меафтанд. Дар ин мисол метавон  М. Кабириро қайд гард. Зода кишвари офтобруяи Тоҷикистон аст, ӯ ба хуби медонад, ки дар ин сарзамин мардум бо арақи ҷабини тан нон мехӯраду барои беҳбудии меҳан дастҷамъона меҳнат мекунанд. Дар тамоми рустоҳо ба тариқи меҳнати дастҷамъона роҳ, об, хатти барқ ва дигар корҳо амалӣ мегардад. Ин ваҳдати мардуми сарзамини офтобруя мебошад. Лек, М.Кабирӣ аз дур зери мусиқиҳои навохтаи хоҷагонаш мерақсаду мақсадаш як бори дигар нотинҷ  кардани кишвараш мебошад. Маҳз барои чунин амали террористона ва эктремистонаи гуруҳи муташаакли М.Кабирӣ бештари қаламбадастон дар рӯзномаву маҷаллаҳо М.Кабириро ҳамчун шахси хиёнаткор менависанду сираташро муайян месозанд.

 

С.Мирзоев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-02-2019, 12:20:18 | Диданд: 456