МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Баргаштани Шарофиддин Гадоев ба Ватан ин ҷавонмардии ӯст

Баргаштани Шарофиддин Гадоев ба Ватан ин ҷавонмардии ӯст

Шарофиддин Гадоев нафаре, буд, ки зери таъсири роҳбар ва аъзоёни ҲНИ бар муқобили сиёсати кишвараш баромад мекард. Ахиран у аз роҳи интихобкардааш баргашта фаҳмид, ки аз ҳама боло Ватан, нангу номуси миллат аст. Бо ин кирдораш ба зодгоҳаш баргашт.

Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки бештари гунакороне, ки аз ақидаашон баргаштаанд мебахшад. Маҳз ба ин восита Ваҳдати комилро кишвари мо ба даст овард. Албатта ҳар нафаре, ки дар таркиби кирдору амалаш ҷиноятҳои вазнин дида намешавад ӯ ба Ватан баргардад ӯро дар асоси қонунҳои амалкунанда аз ҷавобгари озод менамоянд.

Маълум аст, ки бештари шаҳрвандони бегуноҳи мо зери мағзшӯи хоҷагони хориҷӣ ба корҳои ғайриқонунии террористиву экстремистӣ ҷалб мегарданд. Вақте, ки дар хориҷи кишваранд ба онҳо тарс медиҳанд, ки ба Ватан баргардӣ тӯро ба ҳабси абад маҳкум мекунанд. Дар асл бошад тавре ки дар боло қайд кардем Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нафароне, ки ихтиёран бармегарданд ва пушаймон шудаанд аз ҷавобгари озод мешаванд.   

Шарофиддин Гадоев барои Ватану сарзаминаш баргашт ва дар баромадаш аз ҳамаи корҳои кардааш пушаймонӣ мекунад. Бо чашмони худ ободиро дида баҳои аъло дода таклиф мекунад ки дигарон ҳам ба ватани худ баргарданд.

Мо ҳам дар хулоса гуфтани ҳастем, ки ҳар он ки бармегардад ба Ватани хеш ин шаҳодат аз мардонагии ӯ мебошад. Мо Ватани худро бояд обод, зебо ва барои насли оянда шароит муҳаё кунем.  Ин аст рисолати шаҳрвандии мо.

 

С.Мирзоев  

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-02-2019, 13:26:09 | Диданд: 608