МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Найрангбозии навбатии душманон

Найрангбозии навбатии душманон

Дар расонаҳои хабари гуруҳҳои ифродгароию тундрав ва терроризм нисбат ба кишвари рў ба инкишофниҳодаи мо ҳар гуна буҳтонҳо зада обрўи кишварро дар арсаи байналмилаллӣ коста мехоҳанд. Аммо ин амали номатлубу ғаразноки онҳо ба ҷуз дасисаҳо чизе нест. Чанд нафар тоҷике, ки дар хориҷ ба хатою ҷиноятҳои худ зиндаги дораду имруз хешро ҳомии Ватан медонаду баҳри ободии он сухан мегўяд хандаи кас меояд. Ватандору ватандўст он касест, ки дар лаҳзаҳои душвор ҷон дар кафи даст гирифта баҳри ободии Ватан хиштеро болои хишт мегузорад. Шумо ҷанобони худоношинос баҷои ин дасисабозиҳоятон назди халқу ватан бахшоиш мехостеду баҷои хизмати хоҷагони хориҷиатонро карда баҳри ободии диёратон заҳмат мекашидед.

Шумо барои он, ки хоҷагони хориҷиатонро нағзтару хубтар фиребида ва маблағи  калонро соҳиб шуда хешро ба шохаҳо тақсим намудед « Ҷумбиши ислоҳот ва рушд » , « Анҷумани озодандешагон », «Кумитаи  шаҳрвандии дифоъ аз зиндониён ва асирони сиёси » ва боз дигару дигарҳо оё  Тоҷикистон тайи солҳои истиқлолият рушд кардааст. Дар ҳама соҳаҳо, ки сиёсат, саноат, маорифу тандурустӣ  иҷтимоию  фарҳанги ва кишоварзи  комёби   бадаст наовардааст.

Ин ҳамаро нодида гирифтани шумо гуноҳест нобахшиданист. Чандест, ки ҷавонон бадахшони дар боби ин диёри куҳистони тоҷик ҳарфзада хешро ғамхори мардуми ин диёри тоҷик муарифӣ мекунанд, ки ҷуз дасисаи навбати чизи дигаре нест. Ҳамаи ин бадбинию буҳтонҳои шумо аз тарси ҷони хешасту бас. Шумо ҷавонони бадахшони кишварро  дар солҳои ҳокимияти абарқудрати шурави пеши ру биёреду тайи солҳои истиқлолият, тафовуд аз замин то осумон.

Зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ  Раҳмон ин диёри дар замонаи аз назарҳо дурмондаро имрўз  тоба куҷо расонид. Ин диёр дорои Донишгоҳи байналмилалӣ,  майдони варзишии ҳозиразамон,  муассисаи Президентӣ ва даҳҳо  номгў иморатҳои маданию  маърифатиро соҳиб шуд.

Худ шояд дида бошед, ки Президент кишварро ҳангоми сафари кориаш ба ин диёр мардум бо самимияту дилгарми истиқбол  гирифтанд.   Шумо аз ин ба худ мепечед, назди хоҷагонатон сархам мегардед, ки баҳри тафриқа андози дар ин манотиқ аз дастатон чизе наомад .  Фурсат  он аст, ки шумо аз кардаҳои хеш пушаймон шаведу назди халқи Ватан  бахшоиш хоҳед. Гардани каҷро шамшер набуридааст – мегўяд  халқ .

Омўзгори МТМУ № 59  н. Восеъ   Шамси Араб.

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-03-2019, 13:24:28 | Диданд: 560