МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Нафари дуруя ба хеҷ тараф вафо намекунад!

Нафари  дуруя ба хеҷ тараф вафо намекунад!

Дар тамоми васоити ахбори омма Шарофиддин Гадоев баромаш паҳн гардид, ки аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибони мекарду ба дигарон аз пушаймонии худ қиса мекард. Тамоми бинандагон фикр карданд, ки ин мард пушаймон шудаасту дигаронро даъват мекунад, ки омада зодгоҳи худро ободу зебо гардонанд. Бархеи дигар фикр карданд, ки мақсади ин мард дар чи бошад, ки бозгаштаасту барои ободоии кишвараш ниятҳои нек дорад. Лек ба ҳамагон маълум аст, ки вақт довар аст, доимо рисолати ҳақиқи худ яъне неку бадро нишон медиҳад. Дар таҷриба мо медонем, ки кам нафарон мешаванд, ки аз бадкардагиҳои худ пушаймон шуда, онро ба дигарон мегӯянд. Нафаре, ки кори бад карду оқибат пушаймони кунад ва талош намояд, ки зарари расонидаашро ҷуброн кунад бузургии ӯ намудор мешавад. Лек дар таърих шахсан ман дидам, ки ин зумра одамон яъне гурӯҳи мухолифин аз ободии кишвари мо метарсанд, амнияти кишвари моро намехоҳанд, ҳатто бар хоке ки хуни нофашон рехтааст, мақсади ноамниашро мекунанд.

Агар роҳбар ва аъзоёни ҲНИ дар самти ислоҳи камбудиҳояшон мекушиданд, назди мардум дуруғ намегуфтанд онҳо дар ин ҷода мавқеи мустаҳкам доштанд. Дар асл фиреб ва дуруғҳояшон боис шуд, ки ин зумра одамон назди мардум руҳсиё гардиданд.  

Ҳамаи мухолифони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар нафароне мебошанд, ки таҳти Барномаи ноаён фаъолият бурда мақсадашон ғаразнок мебошад. Бубинед, ки агар онҳо ҳиямотгар бошанд ё ободгар бошанд чаро аз амалҳои некашон ба ин миллат чизе нишон намедиҳанд. Аз ин лиҳоз аксарияти мардум ба сафсатаҳои ин нафарони асолатбохта бовар накарда ҳатто гӯш намедиҳанд, зеро як бор дида буданд, ки ноамниро дар солҳои 90 ум ки ташкил карда буду зиёни он то даҳсолаҳо идома кард.

 

С.Мирзоев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Восеъ

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 06-03-2019, 12:22:02 | Диданд: 689