ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9928]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6124]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5862]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4994]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4318]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4291]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4274]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4266]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3928]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 63243
Ватан моро ба воя расонидааст бояд қадрашро донем.

Нафаре, ки дар ҷойе чашм ба олами ҳасти мекушояд ва авалин манзарае пеши чашмаш намудор мешаваду то ба сини фаҳмиши табиат дар онҷо истиқомат мекунад он маконро Ватан ёд мекунад. Ватан ибораест, ки дар он тамоми арзишҳои бебаҳои ҳар як инсон ҷой гирифтааст. Барои эҳтиром ва ҳимояи Ватан садҳо ҳазор қаҳрамонон дар арсаи ҷанг синаҳои худро сипар кардаанд. То ки насли оянда дар осмони мусафои Ватан зист кунаду аз ин неъмати бузург баҳра гирад.
Дар шароити имрӯза баъзан нафарон ба гурӯҳҳои мухолифи сиёсати давлатии мо ҳамроҳ шуда, тӯҳмату гапҳои беасос мегӯянд. Маҳз амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо боис мегардад, ки баъзан нафарони ҷавон фирифта шуда, ба доми бадкирдорон меафтанд. Боиси таасуф он аст, ки қисми дигари шаҳрвандони мо фирефтаи найранги гурӯҳҳои террористиву экстремисти шуда дар давлатҳои бегона ҷанг мекунанд. Баъзан оилаҳо бо кӯдакони ноболиғашон дар давлатҳои ҷангзада рафта қурбонии ҷанг мешаванд. Ин албата нанговар аст, онҳо шаҳрвандони мо ҳастанду аз чи бошад ки фирефта мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргардонидан ва пешгирии ин раванд дар сурати набудани кирдорҳои ҷиноятӣ ба нафарони фиребхӯрда авф эълон кард. Ин як иқдоми инсондӯстона мебошад, ки барои шаҳрвандон амалӣ шудааст. Барои дигарон ҳам зарур аст, ки Ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии кишварро муқадас шуморида бар зиди душмани ин давлату миллат мубориза баранд.
Хатлоншоҳи М-сокини н.Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 19-03-2019, 08:11:23 | Диданд: 518