МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Терроризм ба мо-бегона

Терроризм ба мо-бегона

Терроризм ва гурӯҳҳои радикалӣ дар таърихи инсоният ба давраҳои хеле ќадим зуҳур намуда, дар шаклу  намудҳои мухталиф фаъолият менамоянд ва дар ҳамаи ин марҳилаҳо маќсадашон ноором сохтани ҷомеа буд. Аз нигоҳи коршиносон баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ба ду лагер ҷудо шудани шаклҳои гуногун фаъолияти ин гурӯҳҳои ифродӣ хеле авҷ гирифт. Чун ҷомеаи ҷаҳонӣ пешрафт, дастгоҳҳои таблиѓотӣ рушд намуд. Терроризм дар шаклҳои гуногун ва бо аќидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ фаъол гаштанд. Имрӯзҳо ифродгароиҳои динӣ дар мамлакатҳои шарќ  чун Афѓонистон, Ироќ Шом, Филлипин хеле авҷ гирифтааст,ки оќибати фоҷиабори онро мо хуб дида истодаем. Барои мисол  ба таърихи 40 соли охири Афѓонистон ба мо ҳамсоя менигарем, ки ин кишвар аз дасти гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ ба чӣ ҳоли табоҳӣ расидааст. Давлати мо дар марҳалаи нави ҷомеасозӣ гом мезанад ва ҳадафаш муҳайё намудани ҷомеаи солимӣ демократист, ки мо марҳала ба марҳала ноил шуда истодаем. Пешравии ҳаёти ҷомеаи кишвари сулҳу суботи он ва фазои ҳамдигарфаҳмии имрӯзаи мо гурӯҳҳои мухолифинро имрӯзҳо хориҷ аз кишвар зиндагӣ доранд, ором намегузоранду бо ҳар баҳона дар расонаҳои хабарии ҷаҳон ба мо буҳтон мезананд. Вале чӣ суд аз ин имрӯз, ки мардум  миёни баду нек, кӣ дӯсту кӣ  душман фарќ мегузоранду фирефтаи таблиѓоти дурӯгине намешаванд.

         Дар кишвари мо ҳамаи шароитҳо барои диндорон муҳайё  мебошад. Дар замони Ҳукумати Шӯравӣ ҳамагӣ 30 нафар сокинони кишвари мо ҳаҷи фарзиро иҷро  намуда буданду халос. Аммо таи солҳои даврони Истиќлолият сол то сол 5 ҳазор нафар сокинони кишвар ҳаҷи фарзиро ба ҷо меоранд. Шояд ҳамин миќдор ҳаҷи умраро сомон диҳанд. Дар ҳар деҳа биноҳои ҳозиразамони масҷидҳои ҷомеаю панҷваќта амал мекунанд. Барои омода намудани мутахассисони динӣ бошад, дар пойтахти кишвар Донишгоҳи исломии ба номи Имоми Аъзал амал мекунад. Аз ин беш боз чӣ мехоҳем. Ин ҳама аз рушди оянда ва маданияти баланди динӣ хабар медиҳад. 

         Дар фароварди сухан ҳамаи маруми кишварро ба ободкорию созандагӣ даъват менамоям. Мо бояд дар ин замони пурмоҷаро худшиносии миллиамонро инкишоф диҳем, хештаншинос бошад. Ин ватанро дӯст дорему ободаш намоем.

    

Рустам Солеҳов – Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-04-2019, 06:32:22 | Диданд: 503