МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ваҳдат кафолати устувории ҷомеа аст.

Ваҳдат кафолати устувории ҷомеа аст.

Воҳид, ягонагӣ, муттаҳидӣ калимаҳое ҳастанд, ки сарҷамъии як миллат ё мардуми кишварро мефаҳмонад. Агар дар ҷаҳони муосир мардум муттаҳид набошанд ба онҳо метавонад ҳар як гурӯҳ ё нафарони бадкор ҳамлаи фарҳангиву маънавӣ намоянд. Дар ин ҷода зарурияти сарҷамъии ҳар як халқу миллат шарт ва зарур аст.

Воситаҳои шабакаҳои интернетӣ сабабгори ташкили гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳатто ин кори ғаразноки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ба кишвари мо низ таъсири худро гузошта баъзан ҷавонон фирефтаи найранги онҳо гардидаанд. Дар ин самт ҳарчанд корҳои фаҳмондадиҳи бурда шавад, ҳам аммо ин гурӯҳҳо ба воситаи барномаҳои махсуси худ бештар нафарони ҷавонро ҷалб менамоянд.

Сиёсати хирадмандонаи давлати мо ба он равона шудааст, ки дар сурати набудани кирдори ҷинояти дар ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил шудаанд ва аз кори худ пушаймонанд авф менамояд.

Дар баъзан мавридҳо нафароне, ки дар давлатҳои хориҷ ҷангидаанду аз ҷониби додгоҳ айбдориашон эълон мегардад, бо забони худ изҳори минатдори мекунанд, ки мо дар давлати худ қарор дорему назди хешовандон ҳастем. Яъне маълум мегардад, ки онҳо фирефта шуда дар хориҷи кишвар аз ноилоҷи ҷангидаанд.

Хуласи гап он аст, ки мардуми Тоҷикистон як бор ҷангу хунрезиро дида буд ва нағз медонад, ки дар натиҷаи ҷанг чи қадар зиён ва паёмадҳои нохуш ба вуқуъ пайваст. Ҳоло бошад мардуми мо барои ҳифзи марзу бумаш талош намуда барои ҳамагуна гурӯҳҳое, ки ғараз доранд мубориза мебаранд. Зеро Ваҳдати мардуми Тоҷикистон ба азобу машақати зиёд ба даст омадааст.     

Хатлоншоҳи М-сокини н.Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-04-2019, 14:17:25 | Диданд: 464